Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кори хайри Худоёр барои маъюбон


Муассис ва раҳбари студияи «Диёр» Худоёр Аҳмадов як ҷавони 30 сола аст, ки бо истифодаи як дастгоҳи филмбардорӣ тавонистааст, ин корхонаи хурдро таъсис диҳад. Вай барои ташкили чунин як корхона 6 000 доллари амрикоӣ сарф кардааст:

«Ман аз хурди наворбардориро дӯст медоштам. Он вақт чунин видеокамераҳо набуд ва ман кӯшиш кардам ҳамин касбро ёд гирам.»

Баъди таъсиси студияи «Диёр» Худоёр 15 нафар кӯдакони маъюбу бепарастор ва онҳое, ки дар бозор ба савдогариву мардикорӣ машғул буданд, ҷамъ оварда, ба онҳо нозукиҳои филмбардориро меомӯзонад:

«Ман мехоҳам, ки онҳо ҳам соҳиби ягон касб шаванд. Дар аввал онҳоро ҳамроҳам ба тӯйҳо мебарам ва баъдан ба ҳамашон як дастгоҳи сабт мехарам. Асбобҳои нави муосир ҳам дорам, ки барои шогирдон имкони хуби эҷодро медиҳад. Ҳоло шогирдони ман дастпарварони худашонро доранд.»

Студияи "Диёр" ба муштариёни худ 4 навъи хидматрасониро пешниҳод мекунад. Бар ивази 300 сомонӣ ё 100 долар тӯйҳои арӯсиро ба шакли барномаҳои телевизионӣ ба навор мегирифтаанд: «Тӯйҳоро мо ба монанди филмҳои ҳиндӣ ба навор мегирем. Филмҳои тасвирӣ мегузорем ва боз сурудҳои хуби тӯёна ҳамроҳ мекунем.»

Дар шаҳри Истаравшан беш аз 20 гурӯҳи ҳунарӣ фаъолият мекунад ва дар дӯконҳои фиттафурӯшӣ сабтҳои клипҳои онҳоро дар сидиҳо зиёд дидан мумкин аст. Худоёр мегӯяд, онҳо як клипро бар ивази 300 то 400 долар таҳия мекунанд: «Ба воситаи дастгоҳҳои рақамӣ кӯшиш мекунем бо мазмуни баланд ва дар ҷойҳои зебоманзар клипҳоро сабт намоем.»

Худоёр мегӯяд, барои мардум имрӯз тамошои клипконсертҳои ҳаҷвӣ бисёр писанд аст ва бо дар назардошти талаботи бозор онҳо сурудҳои тоҷикиро дар тақдими овозхонони хориҷӣ ва ё баръакс таҳия месозанд, ки ба назар ҷолиб менамоянд.

«Суруди гуруҳи Фарзинро бо клипи Майкл Ҷексон ҳамроҳ кардем. Сурудҳои Фарзин ба ҳаракоти Майкл бисёр мувофиқанд. Таронаи Манижаро бо сурудҳои ҳиндӣ якҷо кардем.»

Худоёр мегӯяд, имрӯз ӯ тавонистааст, зиндагии худ ва як гурӯҳи ҷавононро таъмин намояд ва дар нақша дорад, ки теъдоди зиёдтари ҳамсолони худро ба кор ҷалб созад. Ин ҷавони муваффақ мехоҳад, дар солҳои наздик аз ҳаёти муҳоҷирони тоҷик филмеро ба навор гирад ва дар он зиндагии сангин ва азобу шиканҷаи ҷавонони солҳои ахир инъикос кунад.
XS
SM
MD
LG