Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри «Қонуни тиб» бо ҳуруфи сирилик


Дар Тоҷикистон китоби «Қонуни тиб»-и Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ба забони тоҷикӣ ва ҳуруфи сирилик ба табъ расид. «Қонуни тиб» -ро аз арабӣ ба тоҷикӣ корманди Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Саиднуриддин Шаҳобуддинов тарҷума кардааст. Ҷӯрабек Назриев -раиси Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ва як тан аз муҳаррирони китоб гуфт, оқои Шаҳобуддинов осори шашҷилдаи шайхурраисро тӯли 30 сол ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.
«Қонуни тиб» асари мукаммали тиббии Ибни Синост, ки то ин замон ба забони яҳудӣ, лотинӣ, англисӣ, олмонӣ, русӣ ва ӯзбакӣ тарҷума шуда буд.
Баъд аз 1000 сол ин асари маъруфтарин фарзанди тоҷик аз арабӣ ба забони модарии муаллиф баргардон шуд. «Қонуни тиб» дар 6 ҷилд ва 5 китоб, бо сифати баланд ва теъдоди 1000 дона ба дасти муштоқони ибни Сино расид. Осори шашҷилдаи Сино дар чопхонаи Фарҳангистони улум нашр шуд.
XS
SM
MD
LG