Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвияти мубориза ба зидди ду бемории кушанда


Носирҷон Маъмурзода

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон тасмим гирифтааст, фаъолияти Хадамоти мубориза алайҳи бемориҳои сил ва Маркази мубориза бар зидди Эйч-Ай-Ви ё норасоии масунияти баданро ҳамоҳанг намояд. Ба иттилои масъулини мақомоти беҳдоштии кишвар, хадамоти мазкур як ниҳоди муштараки сабти мавориди бемориҳои сил ва норасоии масунияти баданро таъсис хоҳанд дод.
Зӯҳро Нурляминова, корманди Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории Эйч-Ай-Ви ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир 454 мубталои бемории Эйч-Ай-Ви сабти ном шудааст, ки беш аз 70 фисади онҳоро нашъамандон ташкил медиҳад. Вай гуфт, маркази мубориза бо бемории Эйч-Ай-Ви тавони дар як вақт муолиҷа намудани ҳамаи ин гирифторонро надорад.
Ба қавли хонум Нурляминова, аксари мубталоёни Эйч-Ай-Ви ба бемории сил ҳам гирифтор шудаанд. Дар ҳамин ҳол Саъдулло Сайдалиев, раиси Маркази мубориза бо бемории сили Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷаи ташхиси 45 дарсади аҳолии кишвар маълум шудааст, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 13 ҳазор нафар гирифтори сил будаанд: "Ҳозир теъдоди умумии беморони сил 13 ҳазор аст, аммо эҳтимол то охири сол ин рақам ба 15 ҳазор расад ва шояд аз ин миён боз 4-5 ҳазор нафарро аз қайд барорем. Аксарияти беморон баъди дар муассисаҳои ислоҳӣ будан, бозгашт аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Русияву Қазоқистон ташхис мешаванд ва беморияшон муайян мегардад."
Ба қавли ҷаноби Сайдалиев, дар сурати ҳамоҳанг намудани фаъолияти Марказҳои мубориза бар зидди бемории сил ва Эйч-ай-Ви, тамоми мубталоёни Эйч-Ай-Ви соле ду маротиба аз ташхис мегузаранд ва аз гирифтории эҳтимолии онҳо ба бемориҳои дигар пешгирӣ хоҳад шуд.
Оқои Сайдалиев мегӯяд, барои як марҳилаи табобати бемории сил ҳамагӣ 16-20 доллари амрикоӣ масраф мешавад, аммо беш аз 70 фисади беморон танҳо баъди хурӯҷи дардашон ба дармонгоҳ муроҷиат мекунанд. Ба гуфтаи вай, дер муроҷиат намудани бемори сил ба дармонгоҳ боиси шиддати дарди дилу ҷигар ва дигар узвҳои бадан низ мешавад ва аз ин лиҳоз ҳаққи табобат ҳам боло меравад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG