Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид


Латифи Латиф

Дар Ню Йорк имрӯз иҷлосияи ҷашнии Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ифтитоҳ меёбад, ки иҷрои барномаи Ҳазора ва тарҳи ислоҳоти идораҳои СММ, аз ҷумла Шӯрои амниятро баррасӣ хоҳад кард. Ин нишаст ба 60-солагии таъсиси СММ бахшида хоҳад шуд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва ҳайъати давлатии Тоҷикистон ҳоло дар Ню Йорк мебошанд. Президентро дар ин сафар мушовири давлатӣ дар умури байнулмилал Эркин Раҳматуллоев, вазири корҳои хориҷӣ Талбак Назаров, вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддинов, раиси Банки миллӣ Муродалӣ Алимардонов ва дигарон ҳамроҳӣ мекунанд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар нишасти сарони кишварҳо рӯзи 14-уми сентябр ва дертар вазири корҳои хориҷӣ Талбак Назаров дар Маҷмаъи умумии СММ суханронӣ хоҳанд кард.
Дар нишасти сарон президент ва ё сарвазирони 170 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд. Интизор меравад, президент Раҳмонов бо бархе аз онҳо мулоқот намояд.
Латифи Латифӣ, Ню Йорк
XS
SM
MD
LG