Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин намоишгоҳи соҳибкорони Чин дар Душанбе


Аз 15 то 18 сентябри соли ҷорӣ дар Кохи Борбади Душанбе барои нахустин бор намоишгоҳи байналмиллалии молҳои саноъати Қошғари Чин бо ҳадафи рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни ин ду кишвар ва ҷалби сармоягузорони Чин ба иқтисоди Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар намоишгоҳ 150 ширкати Чин 350 анвоъи маҳсулоти саноъати ба монанди фановариҳои электронӣ, кишоварзӣ, сохтмон ва дигар маҳсулоти ниёзи мардумро пешниҳод мекунад.
Тибқи итилои дафтари матбуоти Палатаи Савдои Тоҷикистон мақомоти иқтисодӣ ва тиҷоратии Чин маҳсулот барои намоишгоҳро бо 64 мошини борбар аз шоҳроҳи Қулма Қароқурум ба шаҳри Душанбе ворид карданд.
Мукаммал Саидова масъули дафтари матбуоти Палатаи Савдои Тоҷикистон гуфт, аз имрӯз мутахасисони Чин ба омода намудани ғурфаҳо ҷиҳати ҷойгир кардани анвоъи маҳсулоти намоишгоҳ шурӯъ намуданд.
Ҳамин манбаъ мегуяд то кунун миёни мақомоти иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистону Чин беш аз 30 созишнома ва қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Дар ҷараёни намоишгоҳи мазкур конфронсҳо, семинарҳо ва ҳамоишҳои машваратӣ барои сармоягузорон ва соҳибкорони Чин – Тоҷикистон баргузор карда мешавад то ин ки ҳамкориҳои бештар ба даст оянд.
Фирӯз Баротов
XS
SM
MD
LG