Пайвандҳои дастрасӣ

Бозори озодии матбуот


Бархе аз ҳамнафасон мегӯянд, ба иллати солҳои нооромӣ, худсонсурӣ, коҳиши сатҳи касбӣ ва сабабҳои дигар матбуоте ба миён омад, ки бештар хосияти саргармкунандагӣ дорад, то иттилоотию маърифатӣ. Озодии ин матбуот марз надорад ва ҳатто ба ахлоқу одоби миллӣ ҳамла мекунад. Вале озодии сиёсии матбуот то ҷое ҳаст, ки "иҷозат ва ё машварат шудааст". Дар ҳамин ҳол нашрияҳое аз чоп меафтанд, журналистоне ба маҳбас кашида мешаванд. Баъзе ҳамнафасони дигар мегӯянд, сатҳи начандон баланди кордонӣ ва лаёқат, надонистани қонун ва гоҳе давиданҳо аз паси фоидаи пулӣ сабаби беэҳтиётиҳое мешаванд, ки озодии матбуотро ба мушкил рӯбарӯ месозанд. Яке гуфтаҳои машҳури Волтерро нақл кард, ки "ман мумкин аст бо фикри шумо розӣ набошам, вале омодаам ҳуқуқи шуморо ба баён кардани ин фикр то охирин дами ҳаётам дифоъ намоям." Ва файласуфи инглис Ҷон Стюорт Милл менависад, "агар дар ҷомеа одамоне ҳастанд, ки дар чорчӯбаи қонун ва афкори иҷтимоӣ ба ақидаҳои ҳоким мухолифат мекунанд, бояд аз онҳо миннатдор буд ва ба суханшон гӯш дод."

Агар мехоҳед назари журналистон Раҷаби Мирзо, Ноёбшои Зӯробек, Нуралии Давлат, пажӯҳишгарон Алиризои Нуризода (Лондон) ва Наврӯзи Некбахтшо (Питтсбург, Амрико), гузоришҳои Раҳматкарими Давлат, Абдураҳими Умарзод, Нилуфари Собир (Душанбе) ва Латифи Латифиро (Ню Йорк, Амрико) бишнавед, ба рамзи радиоча дар охири сарлавҳа фишор диҳед.

Вобаста

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG