Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайругашти Душанбе дар Рӯзи истиқлолият


Аксари сокинон ва меҳмонони пойтахт ва навоҳии атрофи он, ки субҳи ин рӯз, дар Боғи марказии фарҳангу истироҳати пойтахт ҷамъ омада буданд, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфтанд, шукӯҳу шаҳомати ҷашни истиқлолият имсол нисбат ба солҳои қаблӣ аз ҳар ҷиҳат бартарӣ дорад.
Дар Гулбоғи марказии пойтахт дар баробари намоишгоҳи китоб ва рӯзномаву маҷаллаҳо, мусаввараҳои рассомӣ ва ҳаккокиву кандакорӣ дар чӯб, ҳамчунин анвои зиёди қаннодӣ ва дигар маводи ғизоии истеҳсоли корхонаву ширкатҳои давлатӣ ва хусусӣ дар маърази намоиш ва фурӯш гузошта шуд.
Сабоҳат Мухторова, муовини раиси Коллеҷи рассомии пойтахт мегӯяд, солҳои ахир теъдоди ҷавонони соҳизавқу боҳунар дар ин ҳунаристон афзоиш меёбад ва дар намоишгоҳи бахшида ҷашни истиқлолият беш аз 50 асари ҳаккокиву рассомӣ ва гачкории шогирдони коллеҷ ба намоиш гузошта шудаанд
Сӯҳроб Комилов, як фурӯшандаи анвои қаннодӣ мегӯяд, имсол нисбат ба соли қабл мардум, маҳсули заҳмати онҳоро, аз қабили кулчақанд, фарахша ва самбуса бештар харид карданд ва нархҳо боиси норозигии онҳо нашуд ва ба гуфтаи ҷаноби Комилов ин яке аз нишонаҳои беҳбуди вазъи молии мардум мебошад.
Аммо аксарияти мардумро дар Гулбоғи марказии пойтахт хурдсолон ва наврасон ташкил мекарданд. Онҳо бо сару либоси наву идона сайругашт мекарданд ва якояк савори чархофалак шуда, ба бозиҳои мухталиф саргарм мешуданд.
Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, 9 ва 10-уми сентябр истироҳат эълом шудааст. Замоне ки ин гузориш омода мешуд, дар майдони марказии пойтахт, дар пояи пайкараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, консерти калон бо ширкати дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон идома дошт. Дар чаҳорчуби барномаҳои ҷашнӣ чунин як консет бо ширкати ҳунармандони шинохта ва дастаҳои ҳунарии ҷавонон қарор аст 10 сентябр дар Кохи Борбади пойтахт идома кунад, ҳамчунин барои сокинон ва меҳмонони пойтахт, дар театҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, "Ҷавонон" ва ба номи Маяковский намоиши асарҳои гуногуни саҳнавӣ дар назар аст.
XS
SM
MD
LG