Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҷаи Тоҷикистон соли оянда якуним миллиард сомониро ташкил хоҳад дод


Дар ин ҳафта ҳукумати Тоҷикистон тарҳи буҷаи давлатии ин кишвар барои соли ояндаро тасвиб кард. Қисми дахли буҷаи соли 2006 тақрибан якуним миллиард сомонӣ, муодили ним миллиард доллар бароварда шудааст, ки назар ба буҷаи соли 2004 455 миллион сомонӣ ё 44 дар сад бештар аст.Бар асоси тарҳи ин буҷа, маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли оянда беш аз 8 миллиардро ташкил диҳад, ки назар ба соли 2004 2 миллиард сомонӣ бештар мебошад.Касри буҷа дар соли оянда дар ҳудуди каме бештар аз 40 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст.

Масрафоти буҷа барои соҳоти маорифу тандурустӣ дар соли оянда қариб 2 маротиба афзуда, аз ҷумла хароҷоти маориф беш аз 300 миллион ва риштаи тандурустӣ 126 миллион сомониро ташкил хоҳанд дод.Ҳамин тавр, барои таъмини нафақаи бознишастагон ҳудуди 200 миллион сомонӣ ҷудо шудааст, ки дар муқоиса бо як соли пеш 72 милион ё худ 61 дарсад зиёд мебошад.
XS
SM
MD
LG