Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Ян Кубиш ба Тоҷикистон дар мақоми нав


Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, Ян Кубиш, 6-уми сентябр, дар шаҳри Душанбе бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, вазири корҳои хориҷӣ Талбак Назаров ва дигар афроди расмӣ мулоқот мекунад. Ба гуфтаи намояндаи дафтари матбуоти Иттиҳоди Аврупо дар Бруссел, ин аввалин сафари Кубиш ба Тоҷикистон ба сифати сафири вижаи иттиҳод дар Осиёи Марказист. Интизор меравад, ки дар ин мулоқотҳо Кубиш ба сарони Тоҷикистон мақсад ва вазифаҳои мақоми нави худро шарҳ дода, пешниҳодҳои таҳкими робитаҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро дар миён мегузорад. Дар ин дидорҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳкими усули мардумсолорӣ, волоияти қонун, эҳтироми ҳуқуқи инсон мавриди сӯҳбат қарор гирифта, барномаи ҳамкории иттиҳод бо мақомоти Тоҷикистон дар риштаҳои мубориза бо терроризм, қочоқи инсон, силоҳ ва маводи мухаддир бознигарӣ мешаванд.
Кубиш, дипломати словак, ки охири моҳи июли имсол Намояндаи вижаи ИА дар Осиёи Марказӣ таъин шуд, ҳамчун фиристодаи хоси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар дастёфт ба сулҳи Тоҷикистон ва пойдории он (1998-99) саҳми муҳим дошта, ба сифати Котиби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо борҳо ба ин кишвар сафар кардааст.
XS
SM
MD
LG