Оксана Раҷабова, як тан аз мударрисини мактаби русӣ мегӯяд, кӯдакони русҳои маҳалӣ низ имкон доранд, ки дар ин мактаб ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Ва аммо ба шарте ки волидайни онҳо табаъаи Русия бошанд ва ё дар артиши русӣ сарбозӣ доранд.
«Дар ҳудуди подгони ҳарбии русӣ дар шаҳри мо мактаби 12 сола ифтитоҳ ёфт. Мо русҳо шодем, ки фарзандони мо ҳамакнун сирф ба русӣ сабақ мегиранд. Ҳамзамон мири шаҳри Кӯлоб ба мактаби мо ду кампутар туҳфа кард. Русҳои маҳаллӣ низ имкон доранд, ки дар ин мактаб таҳсил кунанд»
Нуралӣ Давлатов, коршиноси тоҷик мегӯяд, нахустин мактабҳоро дар Осиёи Марказӣ ба вежа дар мавзеъи имрӯзаи Тоҷикистон 110 сол муқаддам маҳз марзбонҳои рус бунёд кардаанд:
«Соли 1895 вақте ки русҳо омаданд ва марзҳоро ишғол карданд, мактаби русӣ боз карданд, ки дар он бархе аз бадахшониҳо низ таҳсил мекарданд»
Нуралӣ Давлатов мегӯяд, замони султаи коммунистӣ дар пойтахт ва шаҳрҳои бузургтари Тоҷикистон макотиби русӣ бештар будаанд. Ва аммо Бахтиёр Ботилов - мудири бахши омори вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ҳамакнун дар кишвар ягон мактаби сирф русӣ намондааст. Ва аммо теъдоди синфхонаҳои русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон хеле зиёд аст:
«Дар кишвар 1570 синфи русист, ки дар он 36.726 хонанда таҳсил мекунад. Инҳо синфанд ва дар он таҳсил пурра ба русист»
Мактаби русӣ, ки дар Кӯлоб фаъол гардид, саввумин мактаби сирф русист, ки барои фарзандони афсарони марзбони рус дар Тоҷикистон фаъол гардид. Ин макотиб дар тобеъияти вазорати дифоъи Русия мебошад.
Ҳамчунин бихонед: Ман ба мактаб (на) меравам!!!