Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чеҳраи ҳафта: Мухтори Боқизода, ношир ва сардабир


Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ин ҳафта Мухтори Боқизода, муассис ва сардабири ҳафтаномаи мустақили "Нирӯи Сухан" ва молики чопхонаи "Кайҳон"-ро бо ҷурми напардохтани пули нирӯи барқ ба 2 соли корҳои иҷборӣ маҳкум кард. Оқои Боқизода мукаллаф аст дар ин муддат 20 дарсади маоши худро ҳам ба нафъи давлат бипардозад. Додгоҳ гуфт, ба далоили фарзандони хурд доштани Боқизода ва аввалин бор ба додгоҳ кашида шуданаш тақозои додситонӣ дар бораи ба се соли зиндон маҳкум кардани вайро радд ва хабарнигорро танҳо шартан маҳкум кардааст. Аммо Мухтори Боқизода ва вакили мудофеъаш ҳукми додгоҳро ғайримунсифона ва ҳомили заминаҳои сиёсӣ дониста мегӯянд, ба додгоҳи болотар шикоят хоҳанд бурд.

Ба ин тартиб, Мухтори Боқизода шояд нахустин нафаре дар таърихи Тоҷикистони шӯравиву пасошӯравист, ки бо чунин ҷурм, яъне напардохтани пули нирӯи барқ дар додгоҳ маҳкум мешавад.
XS
SM
MD
LG