Идораи паноҳандагони СММ якҷо бо Афғонистону Покистон созишномаи сеҷонибаеро имзо кардааст, ки наҳви бозгашти паноҳандагони афғон аз Покистонро ба танзим медарорад. Бар асоси ин қарордод, замони ниҳоии татбиқи барномаи бозгашти паноҳандагони афғон, ки СММ пиёда мекунад, аз моҳи март то моҳи декабри соли оянда тамдид шудааст. Созишномаи қаблӣ, ки моҳи марти соли 2003 имзо шуд, то моҳи марти соли 2006 мадори эътибор буд. Аммо қарордоди ҷадид бояд акнун аз сӯи идораи паноҳандагони СММ ва давлатҳои Афғонистону Покистон тасвиб шавад.
Тавофуқ дар бораи тамдиди замони ниҳоии иҷрои ин созишнома рӯзи душанбе дар Кобул дар ҷараёни нишасти кумисюни сеҷонибаи Покистону Афғонистон ва идораи паноҳандагони СММ ба даст омад. Дар нишасти Кобул қарори давлати Покистон дар бораи бастани урдугоҳҳои паноҳандагони афғон дар сарзаминҳои қабиланишини ин кишвар низ баҳс шудааст. Покистон пештар эълом дода буд, ки ҳамагии урдугоҳҳои мавҷуда дар ин манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон бояд бино бар далоили амниятӣ то таърихи 31 августи соли равон баста шаванд. Феълан дар ду минтақаи Боҷавор ва Курм дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон 32 урдугоҳи паноҳандагон вуҷуд дорад. Барои сокинони ин урдугоҳҳо ду интихоб дода мешавад - бозгашти ихтиёрӣ ба ватан дар чаҳорчӯби барномаи СММ ва ё кӯчидан ба урдугоҳҳои дигари мавҷуда дар хоки Покистон.
Намояндагони Исломобод дар гуфтугӯҳои Кобул тааҳҳуди давлати худ ба таъмини шароит барои бозгашти ихтиёрии паноҳандагони афғонро дубора изҳор дошта, хостори таъйини урдугоҳҳои наве шуданд, ки паноҳандагони афғон барои сукунати баъдӣ дар Покистон интихоб мекунанд. Ҳайъати Покистон гуфтааст, ки исму макони ин урдугоҳҳоро ба зудӣ дар ихтиёри раҳбарони ҷамъиятҳои паноҳандагони афғон қарор хоҳанд дод. Бештари паноҳандагон аз сарзаминҳои қабиланишини Покистон ба вилоёти Хосту Нангарҳор ва Пактиёву Кобул баргардонда хоҳанд шуд. Зимнан ҳар се ҷониб ба аҳамияти таъмини ин паноҳандагон бо замину сарпаноҳ таъкид варзида, хостори ироаи кӯмакҳои байналмилалӣ барои ин тоифа шуданд.
Идораи паноҳандагони СММ ва давлати Афғонистон зимнан аз ин барномаи Исломобод, ки мехоҳад соли оянда шумориши куллия паноҳандагони афғонро дар қаламраваш анҷом диҳад, пуштибонӣ карданд. Шумориши имсол анҷомшуда теъдоди паноҳандагони афғон дар Покистонро болиғ аз 3 миллион нафар ҳисоб карда буд. Имсол ҳудуди 280 000 паноҳандаи афғон аз Покистон ба ватан баргаштанд. Ҷамъи онҳое, ки аз соли 2002 ба ин тараф ба Афғонистон баргаштанд, тақрибан 2 500 000 нафар гуфта мешавад.

ман дар сахифаи шуммо хондам дар бора но сохтани мактабхои шахри Вахдат чамоти Истиклол. мехохам ба як чизи дигар тавачух намоед. дар ин дехаи истиклол Кахор гуфтани шахс коргари бда. ки он барои шинондани як транформатори 20 е 30 хазор аз мардуми камбагал бо таври зури бо зану духтархояш бо маблаги 1500 то 2000 сомони бо таври мачбу кашида гирифта истодааст. аз 200 хочаги 400000 сомони мешавад мардуми бечора аз кучо ин маблагро еб мекунад хохиш менамоям ки маьлумотро коргарони давлат дида бароянд ва аз шуммо хохиш радеи озоди ки ба ин деха истиклол кучаи кахор ин кучахам ба номи худ гузоштааст рафта ба навор гиред.
То ба кай бо пули гадоиву талбандагӣ мактаб месозед, давлатдорон? Дар ҳақиқат мактабҳое, ки сохта мешаванд, тиллоианд. Аз пудратчӣ то координатори лоиҳа дар шуъбаву раёсатҳои давлатӣ то вазиру кабирони боло ҳама аз баракати ин лоиҳаҳо соҳиби қасру мошин мешаванд.
"..вазорат аз пешниҳоди ҳар гуна маълумот худдорӣ карданд." Вазорати маориф аз пули халк маош мегиред. Барои чи ба халк маълумот намедихед? Мансабдорон фаромуш накунед, гарчанде чапурост пул медуздед хам, аммо гулом ва дар хидмати миллатед. Вазифадоред хисобот дихед.
Э безор кари хаму соли 90т кати. Имсол соли 2021 каллакаду чоплус
Барои он ки намедони ё донистан намехохи ва ё он тухматхову дуругхоро бовар кардаи. таърих то исломи баъд аз исломи надорад хамааш аз худамон хаст. Навруз хам Курбон хам ислом хам зартушти хам. Бояд хамаашро эхтиром кард