Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии Тоҷикистон


Варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба акробатикаи варзишӣ барои гиромидошти хотираи кайҳоннавард Владислав Волков дар шаҳри Новгороди Бузурги Русия се медал ба даст оварданд.

Бино ба иттилоъи Михаил Шапоров, раиси иттиҳодияи акробатикаи варзишии Тоҷикистон дар ин мусобиқа ҳудуди 150 варзишгар аз 11 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.

Аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон Дмитрий Шапоров ва Фаррух Маҳмудов дар рақобатҳои ҷуфти мардона соҳиби ду медали нуқра гардиданд. Ҳамчунин тими Тоҷикистон дар яке аз навъҳои рақобат баъди дастаҳои Русия ва Фаронса мақоми севвумро касб намуда, бо медали биринҷӣ сарфароз шуд.
XS
SM
MD
LG