Ва акнун олимони бритониёӣ хостаанд, бо баргузории як намоишгоҳ нишон бидиҳанд, ки он махлуқоти ғайризаминӣ агар вуҷуд дошта бошанд, чӣ гуна шакл доранд. Нашрияи бритонии Daily Telegraph аз як намоишгоҳе мавсум ба «Илми Бегонаҳо» матлабе нашр кардааст. Дар ин намоишгоҳ, ки дар назар аст, моҳи октябр дар осорхонаи улум боз шавад, мавҷудоти тахайюлии оламҳои ғайр бо назардошти муҳити зист ва қавонини физикиву кимиёвӣ ва биологияшон тасвир шудаанд. Стивен Фолҷер, раҳбари ин намоишгоҳ гуфтааст, бархе аз уламо бар он боваранд, ки шаклҳои мураккаби ҳаёт дар сайёраҳои дур ё ба нудрат ба чашм мерасад ва ё умуман вуҷуд надорад, аммо аксари олимон бар мавҷудияти оламҳои дигари дорои махлуқоти ҷондор мӯътақид будаанд. Ҷаноби Фолҷер гуфтааст, вале ин ҳама шубҳаҳо набояд монеъи андешаронӣ дар мавзӯъи оламҳои дигар бошад.
Дар намоишгоҳ ду олами тамоман аз ҳам фарқкунанда ба намоиш гузошта мешудааст. Яке, Аурелия ва дигаре, Маҳтоби Нилобӣ,
Аурелия - сайёрае аз низоми офтобиест, ки дар қиёс бо низоми офтобии мо хеле хунук будааст. Ин сайёра дар гирди меҳвари худ давр намезадааст ва аз ин рӯ, як тарафи он барои ҳамешагӣ сӯи офтоб менигарад ва тарафи дигараш ба кайҳони беҳудуд. Он на мавсими сол дораду на тағйири рӯзу шаб. Дар ин шароит ба ақидаи олимон гӯиё мавҷуде ба сар мебарад, ки пойҳои қавӣ, гардани дароз ва сари хурд дорад ва суръати дави тез. Аз сокинони дигари Аурелия махлуқе будааст монанд ба растанӣ ва ҳамзамон иборат аз пӯсту хун.
Маҳтоби Нилобӣ, сайёрае будааст ҳамвазни Муштарӣ ва аммо бо ончунон фазое, ки махлуқоти бузургҷуссааш парвоз карда метавонистаанд. Дар ин олам Наҳанги Ҳавоӣ бо дарозии болҳояш ба 30 фут парида мегаштааст. Дар Маҳтоби Нилобӣ боз паррандаҳое мезистаанд, ки таомашон аз Наҳанги Ҳавоӣ иборат будааст. Маҳтоби Нилобӣ бо ҷангалзорҳои сершумораш ва бо дарахтони сар ба фалак кашидааш маъруф будааст.