Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Регар - ТадАЗ" - барандаи Ҷоми Истиқлол


Тими футболи «Регар» ТадАЗ - и Турсунзода барандаи Ҷоми Истиқлоли Тоҷикистон гардид. Ин даста дар бозии ниҳоӣ, ки дар варзишгоҳи «Спартак» - и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, бар CSKA - и Душанбе бо натиҷаи 4 бар 1 ғалаба кард.

Қабл аз ин дидор, «Регар» ТадАЗ дар бозии нимниҳоӣ бар «Вахш» - и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 1 бар 0 ва CSKA бар тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо натиҷаи 2 бар 1 пирӯз гаштанд.

Тими «Вахш», ки дастаи мунтахаби ҷавонони ин кишварро бо натиҷаи 2 бар 1 шикаст дод , мақоми севвумро касб кард.
XS
SM
MD
LG