Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи рамзи ориёно дар Данғара


Дар харобаҳои Кохи Золи Зари ноҳияи Данғара, 100 километрии Душанбе - пойтахти Тоҷикистон бар асари як ҳафриёт рамз ё свастикаи ориёно кашф гардид. Бозор Муродов-садри осорхонаи Данғара мегӯяд, рамзҳои ориёноро бо болҳои Аҳура Маздо кормандони «Маркази озоди бостоншиносии Ориёнфар»-и кишвар таҳти сарварии бостоншиноси маъруф, Усмон Эшонзода дарёфт кардаанд. Бозор Муродов мегӯяд, ин рамзи Аҳура Маздост, ки дар катибаҳои Тахти Ҷамшед, ё Персополис ҳаст. Ингуна рамзро дар наздикии Лондон, пойтахти Бритониё ҳам ёфтаанд. Олимон мегӯянд, бозёфти нодире, ки кашф гардид, умри тӯлонитар аз 3 ҳазорсола дорад ва далели ҳамзистии адёни мухталифи бисёрхудоӣ, ашёпарастӣ, бутпарастӣ ва оташпарастии тоҷикони аҳди қадим будааст.

Бештар дар ин бора дар гӯшаи фарҳанг бихонед
XS
SM
MD
LG