Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯиқасд ба ҷони додситони кулли Тоҷикистон


Нашрияи русизабони «Азия Плюс» бо интишори матлаб ва акси Нурулло Ҳувайдуллоев, собиқ додситони кулли Тоҷикистон аз террори вай ба таърихи 24 августи соли 1992 дар шаҳри Душанбе ёдовар шудааст. Ҳафтаномаи мазкур аз ин террор ба унвони пуровозатарин куштори таърихи давраи навини Тоҷикистон ном бурда навиштааст, ки бо гузашти 13 сол аз вуқӯъи он чигунагии тарҳрезӣ ва наҳваи иҷрои террори собиқ додситони кулли Тоҷикистон норӯшан боқӣ мондааст. «Asia Plus» зимни ситоиш аз шахсият ва кори собиқ додситони кулли Тоҷикистон, Нурулло Ҳувайдуллоевро виҷдон, боигарӣ ва ифтихори миллат номидааст.

«Наҷот», нашрияи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар матлабе дар вокуниш ба навиштаи Зиё Абдулло, ки тамаддуни исломиро боиси аз байн рафтани фарҳанги миллии тоҷикон номидааст, менависад, ин иддаъо комилан беасос аст. Ба навиштаи муаллифи матлаби «Наҷот», баръакс, мо тоҷикон баъд аз пазируфтани ислом ташаккули бештар ёфтем ва забону фарҳанги миллиамон доманаи васеътар касб намуд.

"Муроҷиати кишварҳои узви созмони ҳамкориҳои Шанхай кори дасти Русия ва Чин?" Унвони матлаби дигарест, ки бо қалами Равшан Ҷӯраев, як тан таҳлилгари сиёсӣ дар саҳифаи «Вечерний Душанбе» ба нашр расидааст. Дар ин матлаб муаллиф суханронии Ричард Ҳоугленд, сафири Амрико дар Тоҷикистонро дар яке аз ҳамоишҳои байналмилалии доир ба Осиёи Марказӣ ба барррасӣ гирифтааст. Ҳафтанома аз қавли Ричард Ҳоугленд овардааст, аз вуқӯъи инқилобҳои рангини ахир шахсан аз ҳама бештар ӯ зиён дидааст. Зеро ба гуфтаи сафири Амрико дар Тоҷикистон, дар пайи ин ҳама таҳавуллот бархӯрди мақомоти тоҷик нисбат ба ӯ бештар эҳтиёткорона шудааст. Нашрия ба нақл аз Ричард Ҳоугленд, ин эҳтиёткории мақомоти тоҷикро беасос хонда афзудааст, хатари аслии эҳтимолие, ки имрӯз Тоҷикистонро таҳдид менамояд, ношӣ аз вуҷуди низомиёни рус аст, ки дар ин кишвар буду бош доранд.

Аммо «Тоҷикистон» нашрияи хабариву сиёсӣ, таҳти унвони "Демократия ниқоб аст ё сипар барои таҷовуз?" аз вуқӯъи инқилобҳо дар Гурҷистон, Украина ва Қирғизистон шадидан интиқод кардааст ва таҳаввулоти рухдода дар ин кишварҳоро на инқилоб, балки табаддулоти тарҳрезишуда хондааст.Ба навиштаи «Тоҷикистон», тарҳи иҷрои табаддулот дар кишварҳои ёдшуда аз сӯи Ғарб таҳия ва ҳимояти молӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG