Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Парвоз" ба Маскав парвоз кард


Чаҳор дастаи беҳтарин барои ширкат дар бозиҳои нимниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми истиқлоли Тоҷикистон, ки дар вилояти Суғд ҷараён дорад, роҳ ёфт. Дар бозии аввали нимниҳоӣ тими «Регар» ТадАЗ - и Турсунзода ва дастаи «Вахш» - и Қӯрғонтеппа рӯзи шанбеи 27 август дар варзишгоҳи «Фурӯдгоҳ» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рақобат мекунанд. «Регар» ТадАЗ бо ҳашт имтиёз дар гурӯҳи «А» мақоми аввалро касб намудааст. «Вахш» бо ҳафт имтиёз дар гурӯҳи «Б» мақоми дуввумро ишғол кардааст. Бозии дуввуми нимниҳоӣ байни CSKA - и Душанбе ва тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бегоҳи шанбе дар варзишгоҳи «Спартак» - и Хуҷанд баргузор мешавад. CSKA бо нӯҳ имтиёз ғолиби гурӯҳи «Б» гаштааст. Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» мақоми дуввумро касб кардааст. Нахустин барандаи Ҷоми истиқлоли Тоҷикистон дар бозии ниҳоӣ рӯзи якшанбеи 28 август муайян хоҳад шуд.

Ва як хабари дигар ин аст, ки тими футболи «Парвоз» - и Бобоҷон Ғафуров барои ширкат дар мусобиқа бахшида ба ҷашни 25-солагии баргузории бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Маскав ба Русия сафар кард. Ин мусобиқа дар ноҳияи Балабановскии вилояти Маскав то 4 сентябр идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG