Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимсоҳ дидӣ? На!


Боғи ҳайвонот ё Зоопарки вилояти Лиаонин дар Ҷумҳурии халқии Чин ба воситаи матбуот шумораи махсуси телефониеро хабар дод, ки шаҳрвандон метавонанд, бо истифода аз он занг зананд ва хабар диҳанд, ки оё тимсоҳҳои гумшударо дидаанд ё не. Ҳар касе ки бо ин роҳ дар наҷоти ин тимсоҳҳо ширкат кунад, аз 2 то 3 ҳазор юан (баробар бо 247 то 370 доллари амрикоӣ) ҷоиза хоҳад гирифт.
Гап дар он аст, ки 13 тимсоҳ аз Боғи ҳайвонот фирор кардаанд ва ҳамаи онҳо намунае аз зотҳои нодири тимсоҳ мебошанд. Фирори онҳо дар рӯзҳое ба амал омад, ки боронҳои шадид меборид ва хатари обхезӣ мавҷуд буд. Мақомоти боғ, мегӯянд, шояд боло рафтани сатҳи об дар кӯли гӯшаи тимсоҳҳо сабаби берун рафтани онҳо аз маҳдудаи боғ шуда бошад.
Коршиносон мегӯянд, дар воқеъ бархе аз тимсоҳҳо, монанди тимсоҳи Сиёмӣ, аз анвои нодири ин обхокиҳо буда, агар ба ҷое афтад, ки ҳарорати ҳаво аз 17 дараҷаи Селсиус камтар бошад, ба ҳалокат мерасад.
Маъмурияти боғ ҳамчунин шаҳрвандонро ҳушдор додааст, ки агар ин навъи тимсоҳҳо гурусна монанд, метавонанд, ба одамон ҳамла кунанд. Бино бар ин, бояд пеш аз он ки тимсоҳ шуморо бихӯрад, ба ин шумораҳо занг занед, гуфтаанд онҳо.
XS
SM
MD
LG