Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони афғон аз Тоҷикистон ба Аврупову Амрико мераванд


900 муҳоҷири афғони муқим дар Тоҷикистон бо мусоидати созмони байналмилалии муҳоҷират дар соли равон ба Канада фиристода шудааст. Мавзуна Валиева, як масъули намояндагии созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ин созмон тасмим гирифтааст, то ахири соли равон боз 400 табааи Афғонистонро аз шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе ба Канада фиристад. Хонум Валиева гуфт, соли гузашта низ 300 муҳоҷири афғон бо кӯмаки ин созмон ба Норвегия, Финландия ва Ҳолланд фиристода шудаанд.

Ба таъйиди сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, муҳоҷирати густардаи атбои ин кишвар ба Тоҷикистон дар соли 1992 - даврони суқути ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ ва ба қудрат расидани Толибон дар Кобул сурат гирифтааст. Ҳаётуллои Кӯҳсор, як масъули бахши муҳоҷират дар сафорати Афғонистон гуфт, дар он замон ҳудуди 25 ҳазор нафар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҳиҷрат ва дар ин кишвар сукунат ихтиёр карданд.

Ба иттиллои ҳамин манбаъ, бо рӯйи кор омадани ҳукумати Ҳомид Карзай ва хатми ҷанг дар Афғонистон беш аз 10 ҳазор паноҳандаи афғон дубора ба ватан баргаштанд. Ва аммо Мавзуна Валиева, як масъули намояндагии созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон мегӯяд, бештари муҳоҷирини афғони муқим дар Тоҷикистон идомаи зиндагӣ дар кишварҳои аврупоиро афзалият медиҳанд. Гуфта мешавад, ҳоло ҳудуди 3 ҳазор паноҳандаи афғон дар Тоҷикистон ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG