Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмонов бо Ҷон Абизайд


Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Ҷон Абизайд, фармондеҳи нирӯҳои марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот ва масоили ҳамкорӣ дар ҷиҳати таъмини амнияти минтақа ва авзои Афғонистонро баррасӣ карданд. Ҷон Абизайд, ки бо анҷоми сафари якрӯза дар Душанбе қарор дошт, баъд аз ин мулоқот зимни як сӯҳбати бисёр мухтасаре бо хабарнигорон дошт, гуфт, "Мо як сӯҳбати муфиде дар мавриди авзои минтақа ва инчунин дар бораи авзои Афғонистон доштем. Ҳамчунин фурсат ёфтем, роҷеъ ба ҳамкориҳои Иёлоти Муттаҳида бо кишварҳои минтақа ва роҳҳои тавсеъаи ин ҳамкориҳо дар заинаи муборизаи муштарак бо терроризм ва ҷилвгирӣ аз қочоқи маводи мухддир низ сӯҳбат кунем." Ҷон Абизайд инчунин аз саҳми Тоҷикистон дар амри таъмини амнияти минтақа ва хоса барои мусоидат ҷиҳати бозовардани субот ба Афғонистон тақдир кард. Ӯ гуфт, кишвараш омодааст, ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро дар оянда низ густариш диҳад.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG