Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поккории дашти Язгулом аз киштаҳои хатарнок


Маркази минрӯбии Тоҷикистон дар давоми се моҳи ахир 188 минаи зидди нерӯҳои пиёдагардро дар дашти Язғуломи ноҳияи Ванҷ кашфу безарар гардонд. Ба гуфтаи раҳбари гурӯҳи барчидани минаҳо ҷаноби Воҳидов, ин даштро солҳои ҷанги шаҳрванди нерӯҳои рус барои ҳифз ва дифоъ аз мавқеи худ минакорӣ карда будаанд.
Ҳарчанде ин майдон аз ҷониби марзбонони рус аломатгузорӣ шудааст, аммо ин аломатҳо низ натавонистааст, сокинони ноҳия ва марзбонони тоҷикро аз хатар нигаҳ доранд. Моҳи майи соли равон се нафар аз марзбонони тоҷик ба мина бархӯрда, маҷрӯҳ шуданд.
Муовини сардори идораи кишоварзии ноҳияи Ванҷ Нағзибек Назриев гуфт, ки агар аз 50 гектар замини ин дашт, 13 гектари он минакорӣ шудааст, аммо пас аз чанд инфиҷори мина дар зери пойи одамон ва чорво, деҳқонон дар зарфи 10 соли ахир ба 30 гектар замини холӣ аз мина низ даст нарасонидаанд. Ин дар ҳолест, ки гуфт Нағзибек Назриев аз нисф бештари зироату сабзавоти бозор ва хӯроки чорвои ноҳияи Ванҷро кишоварзони водии Язгулом таъмин мекарданд. Вай афзуд, барчидани минаҳо аз заминҳои кишт бисёр муҳим аст, чун ин минтақаи кӯҳии Тоҷикистон аз ба заминҳои корам бисёр ниёз дорад. Гурӯи 28 нафарии минрӯбони тоҷик бо кӯмаки молии ҳукумати Швейтсария барчидани минаҳоро аз дашти Язгулом то зимистони имсол идома медиҳанд.
Файзи Мирҳасан, Хоруғ
XS
SM
MD
LG