Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интизороти иқтисоди Тоҷикистон аз намоишгоҳҳои саноатӣ


Масъулини утоқи тиҷорати Тоҷикистон мегӯянд, баргузории намоишгоҳҳо дар қадами аввал заминаи мусоидро барои рушду тавсиаи равобити тиҷориву иқтисодии Тоҷикистон бо соир кишварҳо фароҳам меорад. Ва ҳамзамон, боис ба ташвиқ ва ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ дар иқтисоди ин кишвар мегардад.

Ҳасаналӣ Акрамалиев, муовини раиси утоқи тиҷорат ва саноати Тоҷикистон гуфт, барои баргузории намоишгоҳҳои саноатӣ дар пойтахти кишвар ин ниҳод тарҳи махсус таҳия намудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар доираи ин тарҳ авввалин намоишгоҳи чаҳоррӯза бо иштироки беш аз 45 ширкати хусусиву давлатии Эрон 25 август дар Душанбе ифтитоҳ меёбад. Ӯ мегӯяд, як ҳайати 100 нафараи тоҷирону сармоягузони эронӣ ба манзури ширкат дар чорумин намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар Душанбе вориди пойтахти Тоҷикистон шудааст.

Ба эътиқоди Саид Камоли Ғаффориён, намояндаи намоишгоҳ дар Тоҷикистон, ҷониби Эрон аз баргузории намоишгоҳи вижаи колоҳои эронӣ ин интизорро дорад, ки дар пайи он миёни соҳибкорони тоҷику эронӣ қарордодҳои муштараки ҳамкорӣ ба имзо бирасанд. Аммо бо вуҷуди баргузории се намоишгоҳи ихтисосии колоҳои эронӣ дар Тоҷикистон ҳузури сармоягузорони эронӣ дар ин кишвар он гуна, ки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба назар мерасад, маҳсус нест.

Аммо, дар ҳамин ҳол, ба назари бештари коршиносон набуди шароити муносиби сармоягузорӣ, боқӣ мондани маҳдудиятҳои фаровон дар заминаҳои қонунгузорӣ ва ҳамчунин фасодзадагии мақомоти зирабти тоҷик аз авомили аслие маҳсуб меёбад, ки рӯи ҳам рафта саҳми сармоя ва ҳузури сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистонро камранг нигоҳ доштааст.
XS
SM
MD
LG