Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи аввал ва Ҷоми Истиқлол


ЛИГАИ АВВАЛ:

Тими «Ориёно» - и Душанбе ғолиби давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи аввал гардид. Ин даста дар шашумин дидори худ бар тими меҳмон - «Фархор» - и Фархор бо натиҷаи 2 - 1 ғалаба кард. «Ориёно» бо 18 имтиёз мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқа устувор намуд. Носир Ҳамидов, сармураббии тими «Ориёно» ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳайати дастаи ҷадиди лигаи аввалро аслан ҷавонон ташкил медиҳанд. Тими «Тоҷиктелеком» - и Қӯрғонтеппа бо 13 имтиёз дар зинаи дуввум ҷойгир шудааст. Натиҷаи дидори охирини давраи аввал байни ду тими пешсаф: «Тоҷиктелеком» ва «Ориёно», ки рӯзи чоршанбеи 24 август дар варзишгоҳи «Пахтакор» - и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор мешавад, ба мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа тағйирот ворид нахоҳад кард.


ҶОМИ ИСТИҚЛОЛ

Гурӯҳи "А"

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 10 - 0 Мунтахаби ҷавонони вилояти Суғд
"Регар - Тадаз" (Турсунзода) 2 - 2 "Парвоз" (Бобоҷон Ғафуров)
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 1 - 1 «Саройкамар» (Панҷ)
Мунтахаби ҷавонони Суғд 0 - 8 Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон


Гурӯҳи "Б"

"ХИМА" (Душанбе) 3 - 0 Хуҷанд» (Хуҷанд)
«Вахш» (Қӯрғонтеппа) 2 - 0 CSКА
XS
SM
MD
LG