Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тааҳудоти нави пулиси Тоҷикистону Русия


Ҷаласаи муштараки вазоратҳои умури дохилаи Русия ва Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 19-уми август дар Маскав, бо имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни ин ду вазорат поён ёфт. Намояндаи расмии вазорати умури дохилаи Русия Павел Климовский ба Радиои Озодӣ гуфт, ба созишнома вазири умури дохилаи Русия Рашид Нургалиев ва вазири умури дохилаи Тоҷикистон Ҳумдин Шарифов имзо гузоштанд.
Вай ҳамчунин хабар дод, дар нишаст бо ҳузури роҳбарони калидии вазоратҳои ду кишвар, мушкилоти масдудсозии масири таҳвили маводи мухаддир аз тариқи роҳҳои оҳан ҳавоӣ ва мошингард баррасӣ гардид. Ба гуфтаи Павел Климовский, дар нимаи аввали соли 2005 дар ин масирҳо наздик ба 100 кило маводи мухаддир кашф ва 7 қочоқбар боздошт шудааст.
Мавзӯъи дигаре, ки мавриди баррасӣ қарор дошт, боздошти афроди таҳти таъқиб буд. Моҳи марти соли равон дар пайи анҷоми амалиёти мавсум ба «Пайгард» 166 шаҳрванди кишварҳои муштаракулманофеъ бо дархости кишварҳои марбута дар Русия боздошт шудааст. Намояндаи расмии вазорати умури дохилаи Русия ба саволе, ки оё мавзӯъи додани шиносномаи хориҷӣ ба шаҳрвандони муҳоҷири тоҷик дар Русия, дар ҷаласа матраҳ буд, ё не, гуфт, мавзӯъи убуру мурури марзҳои ду кишвар дар ҷаласаи ояндаи вазоратҳои умури дохилаи Русияву Тоҷикистон охири ҳамин сол ва ё аввали соли оянда баррасӣ хоҳад шуд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG