Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ориёно" дар садри ҷадвал


Тими футболи «Ориёно»-и Душанбе баъди пирӯзӣ бар дастаи «Динамо»-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 1 бо понздаҳ имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи аввал қарор гирифт. Дар ин дидор, ки дар варзишгоҳи «Автомобилист»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, Самад Шоҳзуҳуров, капитани тими «Ориёно» се гол зад. Як голи дастаи «Динамо»-ро ҳамлагар Нуралӣ Бобоев ба ҳадаф расонд.

Ба ин тартиб, тими «Ориёно», ки дар ҳамаи панҷ дидори худ ғалаба кардааст, дар ҷадвал мақоми аввалро ишғол мекунад. Тими «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо сездаҳ имтиёз дар зинаи дуввум ва дастаи «Фархор»-и Фархор бо дувоздаҳ имтиёз дар зинаи севвум ҷойгир шудаанд.

«Ориёно» дар ду бозии охирини давраи аввали мусобиқа 20 август дар майдони худ бо «Фархор» ва 24 август дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо «Тоҷиктелеком» рақобат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG