Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Истиқлоли Тоҷикистон


Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол бахшида ба ҷашни истиқлоли Тоҷикистон аз 20 то 29 август дар вилояти Суғд баргузор мешавад. Бино ба иттилоъи Шавкат Аҳмадов, масъули федератсияи футболи Тоҷикистон, ин мусобиқа бо ширкати даҳ даста дар варзишгоҳҳои «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд, "Фурудгоҳ"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Ғӯлакандоз»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов сурат мегирад. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд.


Гурӯҳи "А"
1. "Регар- ТадАЗ" (Турсунзода)
2. "Парвоз" (Бобоҷон Ғафуров)
3. "Ваҳдат" (Ашт)
4. СКА «Помир» (Душанбе)
5. Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон


Гурӯҳи "Б"

1. "Вахш" ( Қӯрғонтеппа)
2. CSKA (Душанбе)
3. "Хуҷанд" (Хуҷанд)
4. "ХИМА" (Душанбе)
5. "Саройкамар" (Панҷ)

Бозиҳо дар ҳарду гурӯҳ то рӯзи 25 август идома хоҳанд кард. Дастаҳое, ки дар гурӯҳи худ ҷойҳои якуму дуввумро ишғол мекунанд, барои ширкат дар бозиҳои нимниҳоӣ, ки рӯзи 27 август баргузор мешаванд, роҳ меёбанд. Ва бозии ниҳоӣ 29 август дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд доир хоҳад шуд.

Шавкат Аҳмадов иброз дошт, мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Истиқлоли Тоҷикистон як марҳилаи омодагии дастаҳои лигаи олӣ ба давраи дуввуми мусобиқаи қаҳрамонии ин кишвар мебошад, ки он 10 сентябр оғоз шуда то рӯзи 6 ноябр идома хоҳад кард. Пеш аз марҳилаи дуввуми мусобиқаи қаҳрамонии ин кишвар, чаҳор дастаи лигаи олӣ дар бозиҳои нимниҳоии ҷоми футболи Тоҷикистон - 2005 ширкат меварзанд. Бозиҳои аввал байни «Регар» ТадАЗ - «Хуҷанд» ва "Вахш» - CSKA рӯзи 3 сентябр ва бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 7 сентябр баргузор хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG