Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташхиси бемории cироятӣ дар Тоҷикистон


Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, ин ниҳод аз бурузи бемории сироятӣ дар Тоҷикистон огоҳ аст ва мехоҳад, навъи онро мушаххас кунад. Мушовири минтақавии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт доктор Бернардос Гюнтер ба Радиои Озодӣ чунин гуфт: "Мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон дар бораи сирояти беморие, ки онро "диаррея" ва ё "исҳоли обӣ" номидаанд, хабар дода, гуфтаанд, ки чанд ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд ва нишонаҳои он ба вабо монандӣ доранд. Вале барои ташхиси дақиқ мо намунаҳоро ба озмоишгоҳ супурдаем ва мунтазири натиҷаҳои пажӯҳиш ҳастем."
Аввалин гирифторон, наздик ба 100 нафар дар ноҳияи Ҳисор ошкор шуданд ва 10 нафари онҳо ба ҳалокат расид. Хабари бурузи беморӣ дар ноҳияҳои Бохтар, ба номи Ҷомӣ ва Панҷ низ нашр шуд, ки тибқи онҳо 5 нафари дигар даргузаштааст. Дар Панҷ мақомоти маҳаллӣ баргузории маъракаҳои оммавиро манъ ва дар Фархор оби лӯла ва ҷӯйҳоро хушкониданд.
Мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон шубҳаи вабо будани ин бемориро ба такрор рад мекунанд. Ноиби вазири беҳдошти Тоҷикистон Зиёвуддин Афғонов гуфтааст, бо кӯшиши пизишкони тоҷик пеши роҳи густариши сироят гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG