Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Армрестлинги Тоҷикистон: Осиё - 2005 - даҳ медал ва Осиё - 2006 дар Душанбе


Дастаи мунтахаби армрестлинг ва ё дастхобонии Тоҷикистон дар чаҳорумин мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Тошканд даҳ медал ба даст овард. Бино ба иттилоъи Нодир Дареғӣ, раиси федератсияи армрестлинги Тоҷикистон, ин мусобиқа дар пойтахти Узбакистон бо ширкати ҳудуди 300 варзишгар аз 18 кишвари ҷаҳон тӯли як ҳафта идома кард.

Нисфи шумораи медалҳои ба даст овардаи намояндагони Тоҷикистон ба варзишгарони маълул мутааллиқ аст. Акмал Қодиров дар рақобатҳо байни маъюбон дар вазни беш аз 100 килограмм соҳиби ду медали тилло шуд. Варзишгарони маълули тоҷик боз ду медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳамчунин ду варзишгари тоҷик бо медали нуқра ва се нафари дигар бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Ба ин тартиб, тими мунтахаби Тоҷикистон байни дастаҳо баъди тимҳои Қазоқистон ва Узбакистон мақоми севвумро касб кард. Ба гуфтаи Нодир Дареғӣ, панҷумин мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Осиё соли 2006-ум дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG