Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9 нафари дигар бо ҷурми ҳамкорӣ бо Ҳизб-ут-Таҳрир роҳии маҳбас шудаанд


Додгоҳи шаҳри Душанбе 9 нафарро бо ҷурми узвият дар созмони мамнӯъи Ҳизб-ут-Таҳрир ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон кард. Алпомиш Акбаров, раиси мурофиаи додгоҳии аъзои «Ҳизбуттаҳрир» мегӯяд, барои аввалин бор аст, ки ин додгоҳ парвандаи чунин теъдоди зиёди фаъолони ин созмони ифротгароро дар як вақт баррасӣ кардааст: "Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Ҳоҷиматов, Фурқат Сафаров, Турғун Норбуттаев, Шавкат Сотиболтаев, Рустам Нуров, Маҳмудҷон Нуров, Раҳматулло Қаюмов, Собирҷон Абдулҳамидов ва шаҳрванди Ӯзбекистон Умар Умуров аз сохти конститутсионии Тоҷикистон норозӣ буда, бо мақсади дигаргун намудани сохти он ва дар ҷойи он созмон додани давлати исломии хилофат ба узвияти ҳизби равияи экстремистӣ доштаи Ҳизб-ут-Таҳрир» дохил шуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ даъвати оммавӣ дар бораи ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ тариқи паҳн кардани варақаҳои экстремистӣ амал кардаанд."

Оқои Акбаров мегӯяд, 8 шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми даъват ба сарнагунии сохти конститутсионӣ ва фаъолияти ифротгароёна ба мӯҳлати аз 3 то 5 сол аз озодӣ маҳрум гардида, шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Умар Умуров бо ҷурми убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ва тарғиби созмони мамнӯъи Ҳизб-ут-Таҳрир дар қаламрави Тоҷикистон ба 13 соли зиндон маҳкум шудааст. Ба гуфтаи додрас Акбаров, Умар Умуров соли 2003 дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон бо Алишер Латифов, як фаъоли ҳизби Таҳрир созиши ҷиноӣ баста, ба паҳн намудани варақаҳои ин ташаккули мамнӯъ машғул шудааст. Баъдан Алишер Латифов аз сӯи мақомоти Ӯзбекистон дастгир ва барои 14 сол равонаи зиндон мешавад. Алпомиш Акбаров афзуд, баъд аз инфиҷорҳои ахир дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон манзили зисти Умуров мавриди тафтиши мақомоти интизомӣ қарор мегирад ва аз хонаи ӯ адабиёти тарғибкунандаи ҳизби Таҳрир кашф мешаванд, аммо Умуров тавонистааст ба Тоҷикистон фирор намояд: "Умар Умуров аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон пинҳон шуда, моҳи ноябри соли 2004 ғайриқонунӣ аз сарҳади Тоҷикистон гузашта, ба шаҳри Душанбе омада, бо бародараш Муҳаммадӣ Умуров, ки барои иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ аз ҷониби додгоҳи Тоҷикистон зиндонӣ шудааст, дар муассисаи ислоҳии дорои низоми пурзӯр вохӯрда, бо пешниҳоди бародараш ба гурӯҳҳои дар ҳудуди шаҳри Душанбе амалкунандаи Ҳизб-ут-Таҳрир шомил гардидааст ва фаъолияти худро дар ин ҷо давом медиҳад. Вақти боздошт аз манзили муваққатии зисти Умуров дар Душанбе варақаҳо ва адабиёти зиёди Ҳизб-ут-Таҳрир кашфу мусодира шудааст."

Алпомиш Акбаров, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе мегӯяд, нафарони маҳкумшуда дар моҳҳои марту апрели соли ҷорӣ дар Душанбе боздошт гардидаанд. Бар асоси иттилоъи додситонии кулли Тоҷикистон, дар соли равон нисбат ба аъзои Ҳизб-ут-Таҳрир 20 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, парвандаи 25 узви ин ташаккули ҷиноӣ ба додгоҳ ирсол гардидааст.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG