Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вашингтон пост"


Рӯзномаи бонуфузи амрикоии "Вашингтон пост", чопи Вашингтон, мақомоти Русияро дар рабоиши раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров масъул донист. Рӯзнома ба нақл аз вакили ҳуқуқии ҷаноби Искандаров, Анна Ставитскоя, навишт, "бе иштироки хадамоти амниятии Русия, интиқоли Искандаров аз Маскав ба Душанбе имконнопазир мебуд."
Искандаров, ки рӯзи 4-уми апрели соли равон, пас аз боздошти чормоҳа дар Русия, ба зодӣ баромада буд, 15-уми апрел нопадид гашт ва 26-уми апрел додситони кулли Тоҷикистон аз боздошти ӯ хабар дода буд.
Ба навиштаи "Вашингтон пост", мақомоти махсуси Русия дар гузашта, ҳамчунин, домоди рӯҳонии Ӯзбакистон Риёзуддин Раҳмонов, худи ӯ, Маннобҷон Раҳматуллоев, дигарандеши Ӯзбакистон Алишер Усмоновро ба ҳамин шева, ба мақомоти Тошканд супурдаанд. Раҳматуллоев, дар моҳи октябри соли 2002-юм дар Маскав боздошт шуда, баъди чанде бо ҳукми додгоҳ ба озодӣ баромад ва бидуни онки бо пайвандони худ мулоқот кунад, ғайб зад. Ӯ ва ду нафари дигар бо дархости мақомоти Ӯзбакистон ба Тошканд интиқол дода шудаанд.
"Вашингтон пост" менависад, сомзонҳои ҳуқуқи инсони Русия гуфтаанд, дар чунин аъмол Маскав аз таҷрибаи хадамоти махфии Иёлоти Муттаҳида истифода кардааст, низ гумонбаршудагонро рабуда, ба кишварҳои сеюм интиқол додааст.
XS
SM
MD
LG