Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти AFC aз мураббиёни тоҷик


Давраҳои байналмилалии омӯзишии мураббиёни футбол дар шаҳри Душанбе рӯзи ҷумъаи 12 август ба анҷом расид. Бино ба иттилоъи Мирзо Муҳаммадҷонов, муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон машғулиятҳо таҳти раҳбарии Рустам Акрамов, намояндаи AFK ва ё Конфедератсияи футболи Осиё аз Ҷумҳурии Узбакистон бо ширкати беш аз бист мураббии тимҳои футболи лигаҳои олӣ ва аввал тӯли як моҳ идома кард.

Ҷаноби Муҳаммадҷонов иброз дошт, бо пешниҳоди раҳбари давраҳои омӯзишӣ ба Конфедератсияи футболи Осиё беҳтарин мураббиёни футболи тоҷик нахустин бор соҳиби шаҳодатномаи мураббии дорои литсензия ва ё муҷаввизи «А» мешаванд,ки дар байни онҳо мутахассисони варзидаи ин кишвар, ба мисли Шариф Назаров, Зоир Бобоев, Боир Эгамбердиев, Ӯроз Турақулов, Дамир Камолиддинов ва Сулаймон Бобокалонов ҳастанд. Вай афзуд, мураббиёне, ки дорои муҷаввизи «А» мешаванд, ҳуқуқ пайдо мекунанд ба ҳайси мураббии тимҳои футболи лигаҳои олӣ ва аввал фаъолият намоянд.

Мирзо Муҳаммадҷонов ҳамчунин ба Радиои Озодӣ хабар дод,ки дастаҳои футболи лигаи олӣ дар айни ҳол ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон омодагӣ мегиранд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин мусобиқа, ки аз 20 то 28 август дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Қайроққум ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд баргузор мешавад, ба ҷуз даҳ тими лигаи олӣ, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва тими «Рахш»-и Хуҷанд низ ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG