Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри дубораи ҳафтаворҳои мустақил


Дар ин ҳафта яку якбора се нашрияи мустақили сиёсиву иҷтимоӣ, «Одаму Олам», «Рӯзи Нав» ва «Адолат» баъд аз таваққуфи чандинмоҳа интишор шуд. Мираҳмади Амиршо, муассис ва сардабири "Одаму Олам" мегӯяд, пас аз он ки Манзур Додохонов, раиси нашриёти давлатии «Шарқи Озод» аз чопи ин ҳафтавор даст кашид ва ҳамзамон Ғаффор Мирзоев, раиси собиқи оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддир боздошт гардид, бо баҳонаи ин ки генерал Мирзоев муассис ва маблағгузори ғайрирасмии нашрияи «Одаму Олам» аст, чопхонаҳои дигари кишвар низ аз нашри ин рӯзнома худдорӣ карданд. Вай афзуд, додситонии кулли Тоҷикистон унвонии «Одаму Олам» дар мавриди рабт надоштани ин рӯзнома ба Ғаффор Мирзоев ва қазияи атрофи ӯ, як санади расмӣ ирсол доштааст, ки дар пайи он муассисони рӯзнома имкон пайдо карданд, пас аз 11 моҳи таваққуф нашри «Одаму Олам»-ро идома бидиҳанд. Дар ҳамин ҳол, «Рӯзи Нав», яке аз дигар нашрияҳои сиёсии Тоҷикистон, ки тайи як соли ахир аз чоп бозмонда буд, бо чопи як нашри вижа худро рӯзномаи мухолифи ҳукумати вақт эълом кардааст. Раҷаби Мирзо, сардабири «Рӯзи Нав» дар сармақолаи худ зери номи «Мо ҳастем!» гуфтааст, «Ҳукумати Тоҷикистон қариб фаромӯш кардааст, ки оппозитсия дорад» ва «аз ин пас «Рӯзи Нав» як рӯзномаи оппозитсионӣ хоҳад буд». «Рӯзи Нав» нахустин нашрияест, ки дар чанд соли ахир худро рӯзномаи мухолифи ҳукумати вақт эълон кардааст ва ноширони он азм доранд, минбаъд дар ҳаҷми чор саҳифа ва ба теъдоди 99 нусха чопи мунтазами онро роҳандозӣ кунанд. Ҳамзамон, нашри махсуси рӯзномаи «Адолат» мансуб ба ҳизби демократии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе ба ифтихори солгарди понздаҳуми таъсиси ин ҳизб чоп шуд. Ин рӯзнома дар матлаби саҳифаи аввали худ таҳти унвони «Демократия дар зиндон» дар бастагӣ ба қазияи раиси ҲДТ, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров навиштааст, "ин қазия ҷанбаи сиёсӣ дорад, аммо ҳукумат дар ин росто худро мустақил мешуморад ва намехоҳад, ки дигарон ба ӯ сабақ омӯзанд».
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG