Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди ҲДТ. Бе маҳфил ва бе раис.


Раҳматулло Валиев - муовини раиси ҳизби демократи Тоҷикистон рӯзи даҳуми август дар хатми ҷаласаи навбатии додгоҳ ба хабарнигорон гуфт, иллати сарфи назар шудани ташкили маҳфили хос ба муносибати понздаҳсолагии ҳизб ҳамоно сарнавишти норӯшани раиси ин ҳизб Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аст.
Ва аммо дар ҷаласаи имрӯзи Додгоҳи Олӣ Искандаров аз ҷумлаи иттиҳомоти ворида ба ӯ - ташкили ҳамла ба бинои шӯъбаи умури дохила ва бинои додситонии ноҳияи Тоҷикобод дар авохири тобистони соли гузашта аз сӯи афроди вафодор ба ӯро рад кард. Вай гуфт, ин қисми айбномаашро, ки бо номи терроризм дар кодекси ҷиноӣ ёдовар мешавад, фақат ба хотири раҳоӣ аз шиканҷа ва ситами муфаттишон дар ҷараёни тафтишоти қаблӣ ба гардан гирифтааст. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз додраси Додгоҳи Олӣ тақозо кард, ки бо муфаттишони додситонии кулл ва вазорати амният, ки дар раванди бозрасии ибтидоӣ ӯро ҳатто шабҳо мавриди истинтоқ ва шиканҷа қарор додаанд варо рӯбарӯ карда ва иттиҳоми терроризм аз айбномаи ӯ хориҷ шавад.
Аъзам Бадриддинов -вакили мудофеи раиси ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, ӯ зимни як номаи расмӣ ҳанӯз дар вақти тафтишоти қаблӣ додситони кулли кишварро аз муносиботи ғайрикасбии бозрасон огоҳ карда вале то ҳол ҳеҷ посухе ба номаи худ дарёфт накардааст.
Раҳматулло Валиев - муовини раиси ҳизби демократ равобити демократҳоро бо ҳукумати кишвар дар пайи боздошти раиси ин ҳизб тира арзёбӣ кард.
"Мо то интихобот дар сатҳи Шӯрои ҷамъиятӣ ҳамкорӣ доштем, вале баъд аз баромадани мо аз Шӯрои ҷамъиятӣ дигар мо ягон хел муносибати корӣ бо ҳукумати Тоҷикистон надорем. Танҳо якчанд намояндаи мо дар сатҳи маҷлисҳои маҳаллӣ фаъолият доранд."
Ба ҳамин тартиб, чопи шумораи ҷашнии "Адолат" - нашрияи ҳизби демократ дар пойтахти кишвар иқдоми амалии демократҳо ба муносибати понздаҳумин солгарди таъсисёбии ин ҳизб будааст. Масъулини Ҳизби демократии Тоҷикистон гуфтанд, дар ҳоли ҳозир, теъдоди аъзои ҳизб шаш ҳазор нафар аст ва дар кулли навоҳӣ ва шаҳрҳои кишвар созмонҳои аввалияи ҳизб фаъолият мекунанд.
XS
SM
MD
LG