Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комёбӣ дар Эрону Сурия ва нокомӣ дар Финландия


Тими мунтахаби гуштии дзюдои бошгоҳи варзишии «Ориён»-и Тоҷикистон аз сафари Эрон ва Сурия бо нӯҳ медал -се тилло, ду нуқра ва чаҳор биринҷӣ баргашт. Бино ба иттилоъи Аҳтам Раҷабов, мураббӣ ва довари варзидаи дзюдо, гуштигирони тоҷик дар се мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар пойтахти Эрон - Теҳрон, шаҳри Ромсари устони Мозандарон ва пойтахти Сурия - Димишқ баргузор шуд, ширкат варзида байни дастаҳо ду бор мақоми севвумро касб карданд. Дар рақобатҳои инфиродӣ паҳлавони маъруфи тоҷик Неъматулло Асронқулов дар ҳар се мусобиқа дар вазни то 90 кило бар ҳамаи ҳарифони худ дастболо шуда се медали тилло ба даст овард. Гуштигири моҳир, Алишер Каримов дар вазни то 81 кило ва дзюдочии ҷавон Абдумалик Ҳайдаров дар вазни то 100 кило дар мусобиқаи Мозандарон муваффақ ба дарёфти медали нуқра ва дар Димишқ бо медали биринҷӣ қадрдонӣ шуданд. Гуштигири ҷавони тоҷик Манучеҳр Раҷабов дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило соҳиби ду медали биринҷӣ гардид. Мураббӣ, Аҳтам Раҷабов, ки поягузори гуштии дзюдо дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, дар мусобиқаи байналмилалии шаҳри Димишқ ҳамчунин ба ҳайси довар ширкат дошт. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт, сафари гуштигирони тоҷик ба Эрону Сурия бо кӯмаку дастгирии кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ ва роҳбарони хоҷагии ба номи Турсун Ӯлҷабоеви ин ноҳия анҷом дода шуд.
Ва як хабар аз даҳумин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар пойтахти Финландия - шаҳри Ҳелсинки. Варзишгари тоҷик, Дилшод Назаров дар рақобатҳои интихобии гурзандозӣ бо натиҷаи 73 метру 38 сантиметр дар байни 31 варзишгари 22 кишвари ҷаҳон мақоми 17-умро ишғол кард ва аз ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ маҳрум шуд. Тибқи низомномаи мусобиқот дувоздаҳ варзишгари беҳтарин муборизаро барои дарёфти медалҳо идома хоҳанд дод. Намояндаи дигари Тоҷикистон, Олга Герасимова низ дар сабқати интихобӣ дар давидан ба масофаи 100 метр байни занон ноком гашт ва ба даври ниҳоӣ роҳ наёфт.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе.
XS
SM
MD
LG