Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи нахустини мурофиаи раиси ҲДТ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров


Мурофиаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ҳизби демократи Тоҷикистон дар рӯзи дуввуми баррасӣ дар Додгоҳи Олӣ бо тақозои Аъзам Бадриддинов, вакили мудофеъи ӯ, то ба рӯзи ҳаштуми август ба таъхир гузошта шуд. Ҷаноби Бадриддинов гуфт, ӯ аз шонздаҳ ҷилди матолиби тафтишот танҳо бо нӯҳтояш фурсат ёфтааст, ки шинос шавад. Ва аммо додситон Меъроҷ Ҳакимов гуфт, ҷониби ҳимоя барои шиносоӣ бо матолиби тафтишот фурсати кофӣ дошт. Додгоҳ тақозои вакили мудофеъро қабул ва идомаи мурофиаро ба рӯзи ҳаштуми август таъйин кард.
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар рӯзи нахустини мурофиаи худ кулли иттиҳомоти алайҳи ӯ эълоншударо рад карда ва онҳоро бофтаву сохта номид. Тибқи айбномае, ки додрас Зафар Азизов рӯзи шурӯъи мурофиа тӯли беш аз якуним соат қироат кард, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба терроризм, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳаи зиёд, ғайриқонунӣ доштани муҳофизон, тасарруфи амволи давлатӣ ба миқдори бузург, сӯъиистифода аз ваколатҳои хидматӣ, тақаллуби ҳуҷҷатҳои расмӣ, хунукназарӣ ба вазифа ва таъсиси дастаи мусаллаҳ муттаҳам мешавад. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров гуфт, ӯ дувоздаҳ муҳофиз дошт ва муҳофиз доштани ӯ бо мақомоти давлатӣ мувофиқа шуда буд.


Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва собиқ сарвари ширкати давлатии «Тоҷикгаз» моҳи декабри соли гузашта дар шаҳраки Королёви вилояти Маскав боздошт ва дар авоили моҳи апрели соли равон озод мегардад. Ва аммо пас аз чанд рӯзи раҳоӣ, шаби 15 апрел Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба таври асроромез аз Маскав ғайб мезанад ва баъд аз нӯҳ рӯзи ин воқеа, додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе эълом мекунад, ки Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар боздоштхонаи вазорати амният ба сар мебарад. Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, додситонии шаҳри Королёви вилояти Маскав ба таҳқиқи наҳваи боздошт ва интиқоли иҷбории Муҳаммадрӯзӣ Искандаров шурӯъ кардааст.
Ҳумоюни Шаҳриёр, Душанбе
XS
SM
MD
LG