Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Рамсфелд аз Тоҷикистон


«Азия Плюс» бо ишора ба сафари вазири дифоъи Амрико ба Душанбе навиштааст, Тоҷикистон иттифоқчии боэътимоди Амрико дар мубориза бо террозим ва ифротгароии мазҳабӣ дар минтақа боқӣ мемонад. Нашрия менависад, Доналд Рамсфелд зимни таъкиди ин матлаб талвиҳан аз раванди таҳаввулоти мусбии иқтисодиву сиёсӣ дар Тоҷикистон ёдовар шудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, навиштааст «Азия Плюс», баъид аст, тахмин зад, ки ҷонибдорони инқилобҳои рангин дар Тоҷикистон дар дурнамои наздик аз ҳимоят ва пуштибонии молии Амрико бархӯрдор гарданд.

Ва аммо «Наҷот» дар матлабе бо номи таҳаввулоти стратегӣ дар Осиёи Марказӣ навиштааст, ки барканор гаштани Оқоев аз қудрат ва ҳодисаҳои Андиҷон элитаҳои ҳукмрони Осиёи Марказиро ба ташвиш овардааст. Ва маҳз ҳамин нигаронӣ сабаб шудааст, ки элитаҳои сиёсии ҳукмрони Осиёи Марказӣ дар қолаби ба истилоҳ эъломия наҷоти хешро дар пуштибонии Русия дидаанд. «Наҷот» дар идома ин суолро матраҳ менамояд, ки чаро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо нерӯҳои кишварҳои ғарбӣ бегона дониста мешаванд, аммо дар мавриди берун кашидани нерӯҳо ва пойгоҳҳои низомии Русия ва мӯҳлати ҳузури онҳо дар минтақа чизе гуфта намешавад.

Дар ҳамини ҳол, «Зиндагӣ», нашрияи дигари чопи Душанбе дар матлабе таҳти унвони «Чаро Путин ҳизбҳоро аз грант маҳрум месозад» навиштааст, ки вуқӯъи инқилобҳои рангин дар фазои собиқ кишварҳои шӯравӣ мақомоти Кремлинро низ ноором сохтааст. Ба навиштаи «Зиндагӣ» нуфузи қонунӣ гирифтани ин хостаи раиси ҷумҳури Русия шумори аҳзоби сиёсиро дар ин кишвар коҳиш медиҳад ва дар ниҳоят, заминаи пирӯзии ҳизби ҳокими Русияро дар оянда таъмин месозад. Аммо ин пирузӣ, натиҷагирӣ намудааст «Зиндагӣ», ба гумон аст, ки суботи ҷомеаи Русияро дар оянда тазмин бахшад.

«Тоҷикистон» дар навиштае ба тавсифи шахсияти Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон пардохта рӯи кор омадани Раҳмоновро хости Худо номидааст. «Тоҷикистон» поёни ҷанг ва истиқрори сулҳу амният дар кишварро хидмати мунҳасир ба фарди Раҳмонов қаламдод намуда нигоштааст, ки шахсони алоҳидаи дигар дар ин раванд саҳме надоранд.
XS
SM
MD
LG