Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷумъабой Толибов ду сол аз озодӣ маҳрум шуд


Дар нимаи дуввуми рӯзи панҷшанбе, бисту ҳаштуми июл мурофиаи додгоҳӣ нисбати рӯзноманигор Ҷумъабой Толибов дар додгоҳи ноҳияи Шаҳристон анҷом ёфт ва ӯ ба мӯҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум шуд. Бино ба иттилоъи Маъсуми Муҳаммадраҷаб, хабарнигори радиои Озодӣ дар вилояти Суғд, тибқи ҳукми додгоҳи ноҳияи Шаҳристон бар иловаи ду соли маҳкумият Ҷумъабой Толибов як соли дигар аз ҳаққи фаъолият дар ин ё он вазифаи давлатӣ низ маҳрум шудааст. Ҷумъабой Толибов дар авохири моҳи марти соли ҳолӣ бо иттиҳоми авбошӣ, баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва нақзи қонуни дахлнопазирии манзил дар шаҳри Душанбе боздошт ва ба ноҳияи Айнӣ интиқол шуда буд.
Додгоҳи ноҳияи Шаҳристон дар нисбати Санавбар Толибова, ҳамсари Ҷумъабой Толибов таъин кардааст, ки парвандаи ҷиноӣ нисбати ӯ бинобар набудани аризаи шикоятии ҷабрдида қатъ шавад. Аммо Ҷумъабой Толибов ҷараёни расидагӣ ба парвандаи худро ноодилона ҳисобидааст ва тасмим дорад, ба додгоҳи олӣ дар мавриди бозбинии ҳукми додгоҳи ноҳияи Шаҳристон шикоят барад.
Ахиран, Ваҳҳоби Латиф, муовини сардабири нашрияи "Нерӯи Сухан" шартан якуним сол аз озодӣ маҳрум шуда буд. Ва аммо дар сурате, ки додгоҳи олӣ низ ҳукми додгоҳи ноҳияи Шаҳристонро дар нисбати Ҷумъабой Толибов, узви иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон бетағйир боқӣ гузорад, ӯ нахустин рӯзноманигоре хоҳад буд, ки паси панҷараҳои зиндон хоҳад нишаст.
Ҳумоюни Шаҳриёр
XS
SM
MD
LG