Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти мудири кафедра бо иттиҳоми ришвахорӣ


Мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон - Кишвар Ризоев бо иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шудааст. Раёсати мубориза бо ришвахории додситонии кулл мегӯяд, ин омӯзгор аз сиву як муҳассили бахши ҳуқуқи Донишгоҳи Миллӣ ба маблағи даҳ долларӣ дар маҷмӯъ ҳудуди сесад доллари амрикоӣ ришва ситонидааст. Додситонии кулл иттилоъ медиҳад, алайҳи Кишвар Ризоев барои тамаъҷӯӣ ва сӯистифода аз вазифа парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар сурати собит шудани гуноҳи Кишвар Ризоев, ба ӯ маҳрумият аз озодӣ то 12 сол таҳдид мекунад. Ҳамин манбаъ афзуд, дар нисбати донишҷӯёне, ки ба омӯзгор Ризоев ришва додаанд, феълан, ягон парванда ифтитоҳ нашудааст. Ва аммо қонунҳои Тоҷикистон ҳам барои ришвагир ва ҳам барои ришвадеҳ ҷазои мусовӣ таъин кардаанд. Додситонии кулли кишвар мегӯяд, чанде пеш, як устоди дигари Донишгоҳи Миллӣ - Саъдихоҷа Маҳдиев низ барои ситонидани 600 сомонӣ ришва аз донишҷӯён дастгир шуда буд ва алъон тафтиши парвандаи ӯ идома дорад.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG