Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дувоздаҳ миллиард доллар барои Тоҷикистон


Нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон «Народная Газета» аз баргузории аввалин нишасти Шӯрои ҳамоҳангсози давлати Тоҷикистон доир ба таҳияи барномаи миллии рушди ин кишвар хабар додааст. Ба навиштаи «Народная Газета», Тоҷикистон бо пазируфтани Барномаи рушди ҳазораи Созмони Милал тааҳҳуд гирифтааст, тарҳи миллии худро барои коҳиши сатҳи фақр дар кишвар омода созад.
Ба навиштаи ҳафтанома, Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аввалин кишварест, ки ба Барномаи рушди ҳазораи Созмони Милал ҳамроҳ гаштааст ва ҳамакнун дар садади он аст, ки ҷиҳати иҷрои он барномаи миллии рушди худро роҳандозӣ намояд. Мувофиқи арзёбии муқаддамотӣ, Тоҷикистон барои иҷрои Барномаи рушди ҳазораи СММ то соли 2015 ба 12 миллиард доллари амрикоӣ ниёз дорад.

"Зиндагӣ" аз қавли мақомоти вазорати мухобироти Тоҷикистон навиштааст, ки тайи шаш моҳи соли равон дар кишвар 139 нуқтаи телефони байналмилалӣ бунёд шудааст. Тибқи иттилоъи ҳафтанома, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон бист ширкати хадамоти интернетӣ ва дувоздаҳ ширкати алоқаи мобилӣ машғул ба фаъолиятанд.
Нашрия афзудааст, ки теъдоди истифодабарандагони доимии Интернет феълан дар кишвар 4000 ҳазор ва алоқаи мобилӣ бошад 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

«Вечерний Душанбе» таъкид намудааст, ки аз ибтидои соли равон то кунун дар Тоҷикистон 180 нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ ҷони худро аз даст дода, 182 тани дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Ба навиштаи ҳафтанома, дар ин муддат дар шаҳру навоҳии кишвар ҷамъан 703 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 14 дарсад бештар будааст. Нашрияи мустақили "Тоҷикистон" хабар додааст, ки Ҳиндустон қасд дорад, барои ташкили корхонаи муштараки дорусозӣ ва эҳдоси нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар Тоҷикистон 25 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намояд.
XS
SM
MD
LG