Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмонов ва Доналд Рамсфелд

Доналд Рамсфелд, вазири дифои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқоти худ масоили ҳамкории ду кишвар ва вазъи амниятии минтақаро баррасӣ кардаaнд. Вазири дифои Амрико баъди анҷоми ин мулоқот гуфт, аз саҳми Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм изҳори сипос кардааст ва кишвараш қасд дорад, аз ин ба баъд низ ҳамкориҳои худ бо Тоҷикистонро густариш диҳад. Аз ҷумла, гуфт ҷаноби Рамсфелд, барномаи кӯмак ҷиҳати тақвияти нирӯҳои марзбон ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир рӯи даст мебошад. Вазири дифои Амрико вазъи минтақаро баъди суқути Толибон ва оғози амалиёти зидди террористӣ дар Афғонистон амнтар унвон кард. Вазири дифои Амрико дар посух ба ин суол, ки оё бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди баёнияи ахири Созмони Ҳамкориҳои Шанхай роҷеъ ба таъйини замони хуруҷи пойгоҳҳои Иёлоти Мутаҳидаи Амрико аз минтақа сӯҳбат кардааст, гуфт, "На, ин масъала матраҳ набуд ва мо инро баррасӣ накардем."
Раҳматкарими Давлат, Душанбе

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Зеленский интихоботи Украинаро ҳамчун овоздиҳии озод ситоиш кард

Овоздиҳӣ дар як нуқтаи раъйдиҳии Украина

Президенти Украина Владимир Зеленский аз интихоботи ахир ҳамчун овоздиҳии озод ситоиш ва таъкид намуд, ки кишвар дар самти дуруст пеш меравад. Интихоботи парлумонии рӯзи 25-уми октябри Украинаро дар таърихи навини ин кишвар пураҳамият меноманд. Зеленский бо ишора ба Русияу Беларус дар Фейсбуки худ навишт, «ба фарқ аз бархе ҳамсояҳоямон мо як бартарии хубе дорем, ки метавонем интихоботи озод баргузор кунем». Ӯ афзуд: “Бале, ман дарк мекунам, ки низоми интихоботии мо беайб нест, мутаассифона, ҳамоно пулҳои чиркину манбаъҳои иттилоотии беинсон ба натиҷаҳо таъсир мерасонанд. Вале мо, бешубҳа, дар самти дуруст ҳаракат мекунем”. Зеленский гуфт, ки ҳар як овоздиҳии озод аз “озод будани Украина” огаҳӣ медиҳад. Зеленский инчунин гуфт, ки бовар дорад шаҳрвандон ҳукуматҳои маҳаллии “мустақил ва корсозе” эҷод мекунанд ва ҳамкории миёни ҳукуматҳои марказиву намояндагиҳои минтақавӣ хуб ба роҳ монда мешавад.

Интихоботи ахири Украина аз он назар таърихӣ арзёбӣ мешавад, ки бори аввал бар асоси қонуни нави интихобот баргузор шуда, салоҳиятҳои ҳукуматҳои маҳаллиро бештар ва вобастагии онҳоро аз Киев камтар мекунад. Интихобот барои худи президент Зеленский ва ҳизбаш “Хидматгори халқ”, ки соли 2019 пирӯзии ӯро таъмин кард, як имтиҳони ҷиддӣ ба шумор меравад. Як пурсиши афкори умум мегӯяд, ки ҳизби президент “як ҳизби популистӣ” буда, барнома ё идеологияи мушаххас надорад ва ба фарқ аз 54 дарсади тарафдораш дар интихоботи соли 2019, ин навбат интизор меравад, ки 17 дарсади раъйҳоро ба даст меорад. Дар пурсишҳои ахири афкори умум дар Украина 70 дарсад гуфтанд, ки кишвар дар самти нодуруст пеш меравад ва мизони маҳбубияти худи Зеленский аз 50 дарсад поин омадааст.

Натиҷаҳои экзит-пол мегӯянд, ки маҳбубияти “Хидматгори халқ” дар нӯҳ шаҳри муҳими кишвар ва марказҳои вилоятҳо маҳбубият надорад. Ин ҳизб дар ду шаҳри калон дар маркази Украина баранда шуда, дар шаҳрҳои дигар дар ҷойҳои сеюму чорум будааст. Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Украина дар се-панҷ рӯзи дигари эълон мешавад.

Як шабакаи мадании нозири интихобот бо номи “Опора” гуфт, ки овоздиҳӣ дар маҷмӯъ мутобиқ ба муқаррароти қонун гузашт. Комиссиюни марказии интихоботӣ гуфт, ки як қонуншикании умда ин буд, ки рӯзи овоздиҳӣ ҳам таблиғоти интихоботӣ идома дошт, вале, ба гуфтаи ин ниҳод, вусъати паҳншавии ин мушкил чандон калон набуд, ки барои бекор кардани натиҷаҳои овоздиҳӣ сабаб шавад.

Ислоҳоти интихоботии Украинаро ҳамчун қадами муҳим барои дур рафтан аз шакли идоракунии шӯравӣ меноманд ва ин бори аввал дар солҳои истиқлолияти ин кишвар аст, ки чунин тағйироти ҷиддӣ ба амал меояд. Интихобот дар нимҷазираи Қрим, ки соли 2014 аз ҷониби Русия ғасб шуд, ва ҳам қисматҳои шарқии кишвар дар Донетску Луҳанск, ки макони низоъҳои ҷудоиталабони рӯ ба Русия мебошад, барпо нагардид.

Интихобот дар шароите барпо шуд, ки пандемияи коронавирус дар Украина, мисли дигар давлатҳои аврупоӣ, хеле паҳншуда аст. Ба ҳангоми овоздиҳӣ аз раъйдиҳандагон тақозо шуд, ки ниқоб пӯшида фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд.

Виталий Кличко, шаҳрдори Киев ва муштзани маъруф рӯзи 24-уми октябр гуфт, ки ба коронавирус гирифтор шудааст ва бояд дар карантин бошад. Кличко ҳам номзадиашро дар интихобот барои бори дигар ишғол кардани курсии раиси ҳукумати Киев пешбарӣ кардааст.

Бокуву Ереван ҳамдигарро дар нақзи қоидаи оташбас гунаҳгор карданд

Шаҳри Мартунӣ дар Қаробоғи Кӯҳӣ

Арманистону Озарбойҷон ҳамдигарро дар вайрон кардани муқаррароти оташбаси навбатии гуманитарӣ, ки 26-уми октябр ҷорӣ шуд, айбдор карданд. Вазорати дифои Арманистон гуфт, ки аз ҷониби нирӯҳои Озарбойҷон ду дафъа тирандозӣ сурат гирифт. Шушан Степанян, сухангӯи вазорати дифои Арманистон гуфт, ки як ҳолати вайрон кардани оташбас соати 9:10 дақиқаи субҳ, вақте нирӯҳои Озарбойҷон мавзеъҳое дар ҷанубу шарқро ҳадаф қарор доданд, ба қайд гирифта шуд. Ҳолати дуюм, ба навиштаи Степанян дар Фейсбук, дуюм соати 8:45-и субҳ, яъне дар ҳоле буд, ки озарбойҷониҳо мавзеъҳои Артсахро дар шимолу шарқ ҳадаф қарор доданд. Вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, ки нирӯҳои ин кишвар оташбасро риоят карда, баръакс, ба гуфтааш, арманиҳо як дафъа “дағалона” созишро вайро карданд. Ин иттиҳомот як рӯз баъди он садо дод, ки дар изҳороти муштараки ду ҷониб аз Департаменти давлатии ИМА ва ҳам ҳукуматҳои ин кишварҳо ҳарду ҷониби даргир ба оташбас мувофиқат карданд. Музокироти вазирони хориҷаи ду кишвар дар Вашингтон талоши сеюми ҷорӣ кардани оташбас ва хатми низоъҳо дар Қаробоғи Кӯҳӣ дар чор ҳафтаи ахир буд.

Парвандаи ҷиноӣ зидди рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев қатъ шуд

Бобомурод Абдуллоев, рӯзноманигори узбекистонӣ.

Бобомурод Абдуллоев, рӯзноманигори мустақил аз Узбекистон дар "Фейсбук" хабар дод, ки парвандаи ҷиноӣ нисбати вай қатъ шудааст.

Абдуллоев гуфт, рӯзи 23 октябр ӯро ба Хадамоти амнияти давлатӣ даъват ва хабар доданд, парвандаи ҷиноие, ки 29 июни соли ҷорӣ боз шуда буд, қатъ гардидааст. Ҳамзамон ба вай шиносномаи хориҷӣ тақдим карданд ва хабар доданд, ки дар рафту омад ба хориҷи кишвар озод аст.

"Ба ман хабар доданд, ки нисбати ман таъқиби ҷиноӣ сурат намегирад. Гуфтанд, ки ман метавонам, озодона ба хориҷ рафту омад кунам. Ба ҷуз ин, ман гуфтанд, ба зудӣ ҳамаи ашёеро, ки ҳангоми тафтишот аз ман гирифта буданд, бармегардонанд", - хабар дод Абдуллоев.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18 октябр ба Абдуллоев дар шаҳри Тошканд манзили сеҳуҷраӣ тақдим кард.

Бо гузашти як рӯз Абдуллоев хабар дод, ки муфаттишони Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон ӯро таҳдиди ҳабс кардаанд.

Бобомурод Абдуллоевро ибтидои моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошт ва рӯзи 22 август ба Узбекистон истирдод карданд. Вай рӯзи 22 август баъди бозпурсии ҳаштсоата аз сӯи мақомоти Узбекистон дар шаҳри Тошканд, озод шуд.

Мақомоти Узбекистон расман хабар надоданд, ки Абдуллоевро дар робита ба кадом парванда бозпурсӣ кардаанд. Худи рӯзноманигор ҳанӯз дар шаҳри Бишкек гуфта буд, ки ӯро дар навиштани мақолаҳои зиддиҳукуматӣ бо имзои мустаори "Қора Мерган" айбдор мекунанд. Абдуллоев ин айбро рад карда буд.

Ин рӯзноманигор дар соли 2017 бори аввал бо гумони сарнагун сохтани сохти конститутсионии Узбекистон боздошт ва моҳи майи соли 2018 озод шуда буд.

Эрдуғон Макронро барои мавқеаш нисбат ба мусулмонон интиқод кард

Президентиҳои Туркия ва Фаронса. Акс аз бойгонӣ.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон баъди он, ки аз сӯи президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон шадидан интиқод шуд, тасмим гирифтааст, сафири кишвараш дар шаҳри Анқараро бозхонд кунад.

Раҷаб Эрдуғон рӯзи шанбе ҳамтои фаронсавии худро барои мавқеъгирияш роҷеъ ба мусулмонҳо сахт танқид кард. Президенти Туркия гуфт, ки Макрон ниёз ба "табобати равонӣ" дорад.

Пештар Макрон даъват карда буд, ки арзишҳои дунявии Фаронса аз "Исломи ифротӣ" муҳофизат карда шавад. Ин гуфтаҳои ӯ Эрдуғонро ба ғазаб овард. "Дар бораи раҳбари давлате, ки миллионҳо пайрави фирқаҳои гуногунро даъват мекунад, бояд гуфт, ки "табобати равонӣ" бигирад", - изҳор дошт Эрдуғон дар як суханронии худ.

Миёни Макрон ва Эрдуғон роҷеъ ба ҳалли масоили ҳуқуқӣ дар шарқи баҳри Миёназамин, вазъ дар Либияву Сурия ва буҳрони Қарабоғи Куҳӣ ихтилофи назар вуҷуд дорад.

Дар Қарабоғи Куҳӣ аз рӯзи душанбе оташбас эълом шуд

Қарабоғи Қуҳӣ. Акс бойгонӣ.

Амрико, Арманистон ва Озарбойҷон бо нашри як изҳороти муштарак хабар доданд, ки дар Қарабоғи Куҳӣ аз рӯзи душанбе оташбас эълом шудааст. Пеш аз ин, охири ҳафтаи гузашта котиби давлатии ИМА Майк Помпео бо вазирони умури хориҷии Арманистону Озарбойҷон гуфтугӯ карда буд.

Ин бори дувум аст, ки ҷонибҳои даргир моҳи октябр дар Қарабоғи Куҳӣ оташбас эълом мекунанд. Бори нахуст дар натиҷаи гуфтугӯҳо дар шаҳри Москва эълом шуда буд, вале дертар ҷонибҳо якдигарро ба нақзи он айбдор карданд.

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев рӯзи якшанбе хабар дод, ки шаҳри Қубодалиро тасарруф карданд.

Вазъ дар Қарабоғи Куҳӣ субҳи 27 сентябр якбора шиддат гирифт. Дар ин минтақа амалиёти низомӣ шуруъ шуд. Дар Арманистону Озарбойҷон вазъи низомӣ эълом гардид. Ҳар ду кишвар аз талафоти ҷонӣ ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандонашон хабар медиҳанд ва ҳамдигарро дар ташдиди вазъ айбдор мекунанд.

Низои Озарбойҷону Арманистон бар сари Қабароғи Куҳӣ аз охирин солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дорад. Минтақаи мазкур, ки бештари бошандагонаш арманӣ ҳастанд, дар соли 1991 эълом кард, ки аз Озарбойҷон ҷудо ва мустақил мешавад. Аммо ҳеч кадом давлати дунё ин минтақаро эътироф накард.

Дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон тирпарронӣ шудааст

Марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон. Акс аз соли 2019

Дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, воқеъ дар минтақаи Хоҷа Аълои ҷамоати Чоркӯҳ, нисфирӯзии 25-уми октябр садои тирпаронӣ шунида шудааст.

Сокинони деҳаи Хоҷа Аълои шаҳри Исфара ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо лулаи оби ошомиданиро, ки аз замони шӯравӣ истифода мешуд, дар мавзеи Мулломалик таъмир карданӣ буданд, вале марзбонони қирғиз ба ҳаво тир кушода, монеи корашон шудаанд.

Мақомоти марзбонии ду кишвар фавран ба ин ҳодиса вокуниш карданд. "Ховар", хабаргузории давлатии Тоҷикистон аз қавли мақомоти марзбонии кишвар хабар додааст, ки 25-30 нафар сарҳадбонони қирғиз аз сокинон талаби қатъи кор дар ин мавзеъ кардаанд.

Дафтари матбуотии Кумитаи марзбонии Қирғизистон дар як изҳорот гуфтааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаи баҳсӣ лулаи об мекашиданд ва ба ҳушдорҳои марзбонон гуш надодаанд. Дар ин ҳолат, ба гуфтаи онҳо, марзбонони қирғиз ба ҳаво тири ҳушдордиҳанда холӣ кардаанд. Вале аксу видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, нишон медиҳанд, ки яке аз ҳарбиён зону мезанад ва дар сатҳи қади инсон нишон мегирад.

Хабаргузории "Ховар" ба нақл аз маркази матбуотии нерӯҳои марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ навиштааст, ки "ин қитъа қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва иғвогарии навбатии марзбонони қирғиз ба мураккаб намудани вазъият дар хатти сарҳади ду давлат равона гардидааст".

Мақомоти тоҷик ва қирғиз гуфтанд, ки корҳо дар ин минтақаи марзӣ қатъ шудааст ва ду ҷониб сари ин масъала гуфтугӯ доранд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба созиш расанд ва хатти марзро бикашанд.

Аз ин рӯ, зуд-зуд дар ин минтақаҳои баҳсӣ муноқиша сар мезананд.

Муовини Трамп низ ба коронавирус сироят ёфтааст

Майк Пенс, муовини Доналд Трамп

Майк Пенс, муовини Доналд Трамп, президенти ИМА ба коронавирус сироят ёфтааст.

Майк Пенс як шахси калидии Доналд Трамп дар маъракаҳои пешазинтихоботии ӯ ба шумор меравад.

Девин ОМалли, сухангӯи Пенс рӯзи 24 октябр дар як изҳорот гуфт, ки ташхис нишон додааст, ки ноиби президент ва ҳамсари ӯ Карен ба коронавирус сироят ёфтаанд.

Бар асоси муқаррарот ӯ имкони ширкат дар маъракаҳои пешазинтихоботиро надорад.

Доналд Трамп, президенти ИМА низ аввали ин моҳ ба коронавирус гирифтор шуда буд ва то як муддат дар маъракаҳои интихоботиаш иштирок накард.

То кунун наздики 20 нафар аз атрофиёни Доналд Трамп ба коронавирус гирифтор шудаанд.

Раҳбари Эрон мубориза бо КОВИД-19-ро болотар аз амнияту иқтисод донист

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, роҳбари олии Эрон ба мақомоти кишвараш гуфт, ки ба саломатии мардум бештар аз нигарониҳои иқтисодӣ ва амниятӣ бартарӣ диҳанд. Ба назари ӯ, ҳоло кишвар ба мавҷи сеюми хуруҷи коронавирус мубориза мебарад.

Теъдоди қурбониён аз COVID-19 дар Эрон дар ин ҳафта аз 32,000 нафар гузашт.

Хоманаӣ гуфт, ки бояд ҳама корро барои коҳиши фавти сокинон анҷом диҳем ва одамони сироятёфтаро аз оғози бемориашон муайян ва табобат намоем.

Дар рӯзи 24-уми октябр дар Эрон 5814 нафар ҳамчун гирифтори коронавирус сабт шудаанд.

Шумораи умумии гирифторон аз оғози бӯҳрони коронавирус то кунун ба 562 705 расидааст. Танҳо дар 24 соати гузашта дар Эрон расман аз фавти 335 нафар аз коронавирус хабар додаанд.

Шумораи воқеии гирифторон ва фавтидаҳоро коршиносон бештар аз омори расмӣ медонанд.

Дар Украина вакилони маҷлисҳои маҳаллиро интихоб мекунанд

Интихоботи Маҷлисҳои маҳаллӣ дар Украина

Шаҳрвандони Украина имрӯз, 25-уми октябр барои интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллӣ райъ медиҳанд.

Ин маърака тибқи Кодекси нави интихобот баргузор мешавад, ки ба маҷлисҳои маҳаллӣ ҳақ медиҳад, мустақилона аз марказ амал кунанд.

Ин тағйирот низоми аз замони шӯравӣ боқимондаро, ки ҳама тасмимҳо дар маҳалҳо аз ҳукумати марказӣ гирифта мешуд, дигар мекунад.

Коршиносон ин интихоботро барои Владимир Зеленский, президенти ин кишвар як озмоиши муҳим медонанд. Онҳо бар ин назаранд, ки интихобот андозаи маҳбубияти ҳизби "Хидматгори мардум"-и президентро нишон хоҳад дод.

Назарпурсиҳо нишон медиҳанд, ки ин ҳизб эҳтимол 30 дарсади райъро ба даст биорад. Дар интихоботи ғайринавбатии порлумонии соли 2019 ин ҳисоб 64 дар сад буд.

Назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки наздики 70 дар сади украиниҳо ба ин андешаанд, ки ҳукумат нодуруст идора мешавад. Дар ин назарсанҷиҳои нуфузи Зеленский низ 50 дар сад кам шудааст. Мунтақидон бар ин назаранд, ки ҳизби Зеленский бештар шиорбозӣ мекунад ва дар амал кори ҷиддиеро анҷом намедиҳад.

Владимир Зеленский, ки бештар ҳамчун ҳаҷвнигор маъруф буд, дар интихоботи президентии соли 2019 дар Украина иштирок кард ва пирӯз шуд.

Мақомоти Афғонистон аз кушта шудани раҳбари аршади “Ал-Қоида” хабар доданд

Нерӯҳои амниятии Афғонистон дар Ғазнӣ. Ҷое, ки як раҳбари "Ал-Қоида" кушта шудааст. Акс аз бойгонӣ

Нерӯҳои амниятии Афғонистон Абу Муҳсин ал-Масрӣ, як раҳбари аршади созмони “Ал-Қоида”-ро, ки таҳти пайгарди Амрико низ қарор дошт, куштаанд.

Масъуд Анадробӣ, вазири корҳои дохилии Афғонистон рӯзи 25-уми октябр дар саҳифаи Твиттераш навишт, ки кушта шудани як мақоми баландпояи “Ал-Қоида” дар Афғонистон робитаи наздики Толибон бо як гуруҳеро нишон дод, ки зидди ҳукумат ва мардуми Афғонистон аст.

Аз ин пеш, ин хабар дар саҳифаи Твиттерии Раёсати амнияти миллии Афғонистон рӯзи 24-уми октябр нашр шуда буд. Дар хабар гуфта мешавад, ки Ал-Масрӣ, ки гумон меравад, нафари дуюм дар “Ал-Қоида” бошад, аз ҷониби нерӯҳои махсус дар маркази вилояти Ғазнӣ кушта шудааст.

Дар ин хабар тафсилоти бештар нест ва гуфта нашудааст, ки ӯ кай кушта шуд.

Ал-Масриро шаҳрванди Миср медонанд, ки бо номи Ҳусам Абдул-Рауф шинохта мешуд. Ӯро як раҳбари таъсиргузори “Ал-Қоида” дар нимҷазираи Ҳиндустон медонистанд, ки ба амалиётҳои террористӣ раҳбарӣ мекард.

Ӯ дар рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷуи FBI- Бюрои федеролии тафтишоти ИМА ҳамчун нафаре, ки шаҳрвандони Амрикоро мекушад, қарор дошт.

Куштори ин раҳбари “Ал-Қоида” дар ҳолест, ки гуруҳи Толибон бо миёнаравии ИМА дар Қатар бо ҳукумати Афғонистон дар бораи сулҳ музокирот мекунанд. Ҳадафи музокирот поён додан ба ҷанги тақрибан ду даҳсола миёни Толибон ва ҳукумати Афғонистон аст.

Бо вуҷуди музокирот миёни ҳукумат ва ин гурӯҳ оташбас нест ва ҳамарӯза задухӯрдҳо идома дорад.

Музокироти ҳукумати Афғонистон бо Толибон пас аз тавофуқ миёни ИМА ва Толибон дар моҳи феврал ба миён омад. Тибқи тавофуқ нерӯҳои ИМА аз Афғонистон берун мегарданд ва Толибон ӯҳдадор мешаванд, ки ба хоки Афғонистон гуруҳҳои террористие, ки ба кишварҳои хориҷӣ ҳамла мекунанд, роҳ надиҳанд.

Суолҳое ҳанӯз матраҳ аст, ки Толибон то куҷо метавонанд бо созмони “Ал-Қоида” қатъи робита кунанд.

Соли 2001 ҳамлаи Амрико ва муттаҳидонаш ба Афғонистон пас аз он сурат гирифт, ки шабакаи "Ал-Қоида" ҳамлаҳои 11-уми сентябрро аз Афғонистон созмондеҳӣ кард. "Ал-Қоида" аз ҳимояти ҳукумати он замони Толибон бархӯрдор буд. Амрико он замон барои аз байн бурдани "Ал-Қоида" ба Афғонистон ҳамла кард ва режими Толибонро суқут дод.

Амрико ва муттаҳидонаш дар ин ҷанги 19-сола дар Афғонистон беш аз 2 ҳазор кушта доданд ва тавонистанд Усома бин Лодин, раҳбари пешини "Ал-Қоида"-ро дар Покистон аз байн баранд.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ҳанӯз "Ал-Қоида" дар Афғонистон ҷойи по дорад.

Ҳабиб Нурмагомедов унвони қаҳрамониро ҳифз кард, вале гуфт, UFC-ро тарк мекунад

Ҳабиб Нурмуҳаммадов (Нурмагомедов)

Ҳабиб Нурмуҳаммадов (Нурмагомедов), размикори маъруфи доғистонӣ, ки дар Тоҷикистон низ ҳаводорони зиёд дорад, Ҷастин Гейҷи аз Амрикоро шикаст дод ва бори сеюм камарбанди қаҳрамони UFC-ро дар вазни сабук ҳифз кард.

Мубориза байни Нурмагомедов ва Гейҷи аввалин қувваозмоӣ дар мусобиқаи UFC 254 дар "Fight Island" (“Ҷазираи набард”) дар Абу-Дабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ буд, ки шаби 24-уми октябр баргузор шуд.

Мубориза пуршиддат гузашт ва дар даври дуюм Ҳабиб бо усули буғӣ кардан ҳарифашро шикаст дод. Ин 29-умин ғалабаи размикори доғистонӣ ба шумор меравад ва ӯ ҳамчун варзишгари мағлубнашуда камарбанди қаҳрамонияшро бори дигар ҳифз кард.

Ҷастин Гейҷи дар корномаи варзишияш бори сеюм шикаст хӯрд. Ӯ қаблан дар 20 муҳориба пирӯзӣ ба даст овардааст.

Баъд аз анҷоми рақобат бо Гейҷи, Ҳабиб Нурмагомедов гуфт, ғалабаи 29-умашро ба падараш Абдуманоф Нурмагомедов, ки 3-юми июли имсол дар 58-солагӣ бар асари коронавирус даргузашт, мебахшад.

Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмагомедов аз поёни корномаи варзишияш хабар дод. Ӯ ин тасмимашро пас аз пирӯзӣ бар Ҷастин Гейҷи эълон кард. Ҳабиб иқрор шуд, ки ба модараш ваъда дода буд рақобати 29-умаш набарди охирини ӯ хоҳад буд.

"Ман танҳо як саробон дорам - ин модари ман аст. Мехостам ба ӯ вақти бештаре ҷудо кунам", - гуфт ӯ.

Ҳабиб Нурмагомедов, инчунин аз мақомоти UFC хоҳиш кард, ки ӯро дар рейтинг ё раддабандии нави размикорони беҳтарини ҷаҳон дар ҷойи аввал гузоранд. "Имрӯз охирин муборизаи ман дар UFC буд. Танҳо аз UFC мехоҳам, ки рӯзи сешанбе новобаста аз дараҷаи вазн маро дар ҷойи 1-ум қарор диҳад. Ман сазовори он ҳастам ", - таъкид кард размикор.

Доналд Трамп пеш аз муҳлат дар интихобот овоз дод

Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 24-уми октбяр ва пеш аз муҳлат дар интихоботи президентӣ овоз дод, чун ба як рӯзи пуршӯри маъаракаи таблиғотӣ омодагӣ мегирифт. Трамп пас аз берун шудан аз бинои китобхонае дар аёлати Флорида, ки дар наздикии клуби дилхушии Mar-a-Lago-и ӯ қарор дорад, гуфт, "ман ба ҷонибдорӣ аз марде бо номи Трамп овоз додам". Қаблан Трамп дар зодгоҳи худ, шаҳри Ню-Йорк, овоз медод, вале соле пеш ба Флорида кӯчид. Ҳудуди 55 миллион амрикоиҳо пешакӣ овоз доданд, чунки пандемияи коронавирус ҳузури бевоситаи одамонро дар интихобот мушкил кардааст. Ҳангоми овоздиҳӣ Трамп ниқоб дошт, аммо ҳангоми суҳбат бо журналистон ниқоби худро гирифт. Садҳо нафар аз ҷонибдорони ӯ дар наздикии ин нуқтаи раъйдиҳӣ ҷамъ шуда, шиори "Боз як давраи чорсола" садо мекарданд. Трамп талош дорад, маъракаи пеш аз интихоботиашро равнақ бахшад. Рақиби ӯ Ҷо Байден ба амалкарди президент Трамп дар робита ба пандемияи коронавирус таваҷҷуҳ мекунад.

Санаи баргузории интихоботи президентӣ дар Қирғизистон эълон шуд

Қонунгузорон дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон. Бишкек, 21-уми октябри 2020

Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон санаи баргузории интихоботи президентиро дар он кишвар 10-уми январи соли 2021 таъйин кард. Ин тасмим рӯзи 24-уми октябр гирифта шуд. Нурҷон Шайлдабекова, раиси Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон, гуфт, бар асоси қонун баъд аз тақрибан як ҳафтаи истеъфои президент бояд порлумон интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳуриро эълон кунад. Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков 15-уми октябр аз мақомаш истеъфо дод. Ҳоло Содир Ҷабборов сарвазир аст ва ҳамзамон салоҳиятҳои президентро дорад. Вазъ дар Қирғизистон баъд аз эълони натиҷаҳои интихоботи порлумонии 4-уми октябр печида шуд. Норозиён рӯзи 5-уми октябр дар Бишкек бекор кардани натиҷаҳои интихобот ва баргузории раъйдиҳии такрориро талаб намуданд. Кумисюни интихоботӣ рӯзи 6-уми октябр натиҷаи интихоботи порлумониро бекор кард.

Таркиши маргталабона дар Кобул 14 нафарро кушт ва 35 касро захмӣ кард

Як ҷавони маҷруҳро ба бемористон мебаранд. Кобул, 24-уми октябри 2020

Таркиши маргталабона дар ғарби шаҳри Кобул ҷони дастикам 14 нафарро гирифта, 35 касро захмӣ кардааст. Ториқ Ориён, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, гуфтааст, шахси бомбгузор қасд дошт, ба як маркази омӯзишӣ дар маҳаллаи Пули Хушки Дашти Парчӣ ҳамла кунад, аммо пеш аз ҳамла шиносоӣ шуд ва камарбанди интиҳории худро мунфаҷир кард. Шумори қурбониёни инфиҷор, мумкин аст, тағйир кунад. То ҳол ҳеч гуруҳ масъулияти таркишро ба уҳда нагирифтааст. Ҷунбиши Толибон эълом кард, ки инфиҷор кори онҳо набуд.

Раиси ҷумҳури Лаҳистон ба коронавирус мубтало шудааст

Анджей Дуда

Анджей Дуда, раиси ҷумҳури Лаҳистон (Полша), ба коронавируси нав мубтало шудааст. Сухангӯйи ҳукумат гуфт, президенти 48-сола рӯзи 23-юми октябр муоина шуд ва натиҷаи ташхисаш мусбат баромад. Вай афзуд, вазъи Анджей Дуда хуб аст. Раиси ҷумҳури Лаҳистон дар ҳоле ба коронавирус гирифтор шудааст, ки паҳншавии бемории ҳамагир ва маргу мир аз он дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.

Рӯзноманигори тоҷик Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад дар бемористон даргузашт

Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад, рӯзноманигори тоҷик

Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад, рӯзноманигори тоҷик, ки се рӯзи охир дар бемористони шаҳри Конибодом бистарӣ буд, даргузаштааст. Яке аз пайвандонаш гуфт, ӯ субҳи 24-уми октябр фавтид, аммо сабаби дар шифохона бистарӣ буданашро ошкор накард. Ба иттилои дарёфтӣ, ӯро бо нишонаҳои “илтиҳоби шуш” бистарӣ карда буданд. Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад, ки яке аз фаъолони шабакаи иҷтимоии Фейсбук буд, дар нашрияи “Садои Конибодом” фаъолият дошт. Яке аз муаллифони “Қомуси Конибодом” буд. Адабиётшинос Субҳони Аъзамзод соли гузашта дар матлабе дар бораи Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад гуфта навишта буд, ки "бо ҳама талошу такопӯяш замоне, дар марҳалаи ҳассоси кишвари мо ба ӯ ҳамчун диссидент (дигарандеш) таваҷҷӯҳ ва муносибат карданд, ки ҳамин амр барои дар канори (ҳошияи) фаъолиятҳои расмии иҷтимоӣ мондани эҷодкор сабаб шуд. Аз газетаи маҳаллӣ ба Бунёди забон чун раис ба кор гузашт, аммо дар асл ин маънии дур шудан аз ниҳоди матбуотии расмиро дошт.” Ӯ дар оғози солҳои 2000-ум ба тақсиму фурӯши нашрияҳои давраии Тоҷикистон дар Конибодом машғул буд ва дар паҳн кардани матбуоти мустақиле ба мисли “Нерӯи сухан” ва “Рӯзи нав” низ саҳм дошт.

Судону Исроил ба созиш расиданд, Фаластин мухолиф аст

Як паноҳҷӯйи судонӣ дар Байтулмуқаддас. Акс аз соли 2007

Судону Исроил барои одӣ кардани равобиташон ба созиш расидаанд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 23-юми октябр гуфт, ин муомила бо миёнравии Иёлоти Муттаҳида сурат гирифт. Ба қавли ӯ, се кишвари дигари арабӣ низ хостори муомилаи сулҳ бо Исроил ҳастанд. Чанд ҳафта пеш Баҳрайну Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ бар сари одӣ кардани равобиташон бо Исроил тавофуқ карданд. Фаластин бо ин иқдом ба шиддат мухолифат кардааст.

Путин ҳодисаҳои Қирғизистонро "дарди сари мардуми қирғиз" номид

Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин 22-уми октябр гуфтааст, Кремл ба ҳаводиси ҷории Қирғизистон бо "таассуф ва изтироб" менигарад, вале дар ин раванд дахолат намекунад.

"Он чи дар онҷо мегузарад, як дарди сар аст. Дарди сари мардуми қирғиз мебошад", - иқтибос овардааст хабаргузории ТАСС аз суханҳои Путин.

Президенти Русия афзудааст, ҳама гуна дахолати беэҳтиётонаи хориҷӣ "иснтитутҳои навбунёди соҳибихтиёрӣ ва давлатдориро дар кишварҳои "ҷавон" маҳв месозад". "Ба мардум бояд имкон дод, ки ин муносибатҳоро миёни ҷомеа худашон ба таври дақиқ бисозанд. Бояд намунаро нишон дод, вале бо миллионҳои худу ҷонибдорӣ аз гуруҳе набояд дахолат кард", - изҳор дошт Путин.

"Албатта, ба он чи дар Қирғизистон мегузарад, бидуни таассуф ва изтироб наметавон назар кард, вале мо дахолат намекунем. Бо машварату ҷонибдории худ аз гуруҳи сиёсие дахолат намекунем. Хеле умедворем, ки вазъ дар Қирғизистон ба эътидол меояд. Он ба пой хеста, рушд мекунад ва мо ҳам беҳтарин муносибатҳоро бо он ҳифз хоҳем кард", - илова кард президенти Русия.

Дар Бишкек сокинон рӯзи 5 октябр дар робита ба натиҷаи интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябр гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Ширкатдорон бекорсозии натиҷаҳои интихобот ва баргузории раъйдиҳии такрориро талаб доштанд. Шоми 5 ба 6 октябр гирдиҳамомадагон Кохи сафед ва чанд бинои мақомоти қудратиро ғасб ва бархе аз маҳбусон, аз ҷумла Содир Ҷабборовро аз зиндон озод карданд.

Комисияи интихоботӣ рӯзи 6 октябр натиҷаи интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябрро бекор кард.

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон рӯзи 15 октябр истеъфо дод. Раиси порлумон он кишвар Канатбек Исоев аз иҷрои вазифаҳои президент даст кашид ва ба ин тартиб, сарвазир Содир Ҷабборов ҳамзамон салоҳиятҳои президентро соҳиб шуд.

Тоҷикистон бонки нави давлатӣ таъсис дод, вале буҳрони бонкҳо боқист

Дар Тоҷикистон бонки нав таъсис ёфт

Дар Тоҷикистон бонки нав таъсис доданд. Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон гуфтанд, ки "Саноатсодиротбонк" давлатӣ аст ва аз 23-юми октябр иҷозаи корро соҳиб шуд.

Масъулони бонки нав дар саҳифаи расмии худ дар Фейбсук рӯзи 24-уми октябр навиштанд, "ҷиҳати дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ фаъолияти худро аз ин ба баъд роҳандозӣ менамоянд." Ҳанӯз дар моҳи августи имсол Ҳокимшо Бобозода раиси бонк таъйин шуда буд. Вай пештар дар бонки давлатии "Амонаткбонк" кор мекард.

Ин дар ҳолест, ки бонкҳои Тоҷикистон тақрибан панҷ сол боз дар шароити буҳронӣ ҳастанд. Дастикам ду бонк муфлис шуданд. Сандуқи Байналмилалии Пул (IMF) дар моҳи сентябри имсол ба Тоҷикистон машварат дод, ки ду бонки азими дучори мушкил – "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк"-ро низ барҳам диҳад.

"Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" аз соли 2015 дучори буҳрон шуда, дар бозгардондани пасандози амонатгузорон оҷиз монданд. Охири соли 2016 ҳукумат ба ин бонкҳо зиёда аз 3,3 миллиард сомонӣ ёрии молиявӣ кард, вале ин миқдор маблағ ду бонкро аз вазъияти буҳронӣ наҷот надод.

Омори қарзи бонкҳо ҳар рӯз дар ҳоли таҳаввул аст, аммо мувофиқи омори охир танҳо "Агроинвестбонк" аз муштариён 750 миллион сомонӣ қарздор мебошад. Даҳҳо муштарӣ аз ин ду бонк инак панҷ сол боз амонатҳои худро бозпас гирифта наметавонанд.

Бино ба иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 70 созмони қарздиҳӣ ва 17 бонк, аз ҷумла як бонки исломӣ фаъоланд.

Дар як соли охир "Саноатсодиротбонк" бонки севум шуд, ки иҷозаи корро ба даст овард. Пештар созмонҳои қарздиҳии "Арванд" ва "Алиф" низ мақоми бонкро соҳиб шуданд.

Вазъи сиҳатии Гулнора Каримова дар зиндон бад шудааст

Гулнора Каримова. Акс аз бойгонӣ

Вазъи сиҳатии Гулнора Каримова, духтари калонии президенти нахустини Узбекистон Ислом Каримов, ки дар маҳбаси Зангиотаи ин кишвар адои ҷазо мекунад, давоми рӯзҳои ахир хеле бад шудааст.

Имон Каримова, духтари Гулнора Каримова дар Инстаграм навиштааст, ки модараш дар ҳоли ҳозир бо нишонаҳои илтиҳоби шуш дар бахши беҳдоштии зиндон бистарӣ аст.

"Ба ӯ кумаки тиббӣ намерасонанд ва барои супоридани санҷиши коронавирус ҳам иҷозат намедиҳанд. Ҳамчунин интиқоли дастгоҳу дору барои табобаташ манъ аст", - навиштааст Имон.

"Ин талоши ошкорои президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои раҳо шудан аз ҳарифи сиёсӣ ва духтари ҳамтои пешини худ аст", - афзудааст набераи Ислом Каримов.

Моҳи марти соли ҷорӣ додгоҳи шаҳри Тошканд Каримоваро бо айбҳои фасодкорӣ, саркашӣ аз пардохти андоз ва қаллобӣ 13,4 сол зиндонӣ кард.

Нисбати Каримова ҳамзамон дар чанде аз кишварҳои дигар, аз ҷумла ИМА, Швейтсария, Шветсия, Ҳолланд ва Фаронса парванда боз ва амволи ғайриманқули вай, ки садҳо миллион доллар арзиш дорад, ҳабс шудааст.

Ҷабборов тағйирот ба қонуни интихоботи Қирғизистонро имзо кард. Ӯ метавонад президент шавад

Содир Ҷабборов соли 2017 бо айби одамрабоӣ ба 11,5 соли зиндон маҳкум шуд ва то як моҳ пеш ӯ дар зиндон буд. Ҳоло ӯ иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон аст ва бар асоси тағйирот ба қонун шонс дорад президенти кишвар шавад

Иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғмизистон Содир Ҷабборов (Ҷапаров) тағйирот ба қонуни интихоботро имзо кард, ки таъхир дар баргузории интихоботи парлумониву президентиро иҷоза медиҳад ва айни замон, ба қавли мунаққидон, ба худи ӯ, ки ҳанӯз як моҳ пеш бо иттиҳоми гаравонгирӣ дар зиндон буд, шонси президент шуданро фароҳам мекунад. Ҷабборов дар имзои тағйирот ба қонун хеле шитоб кард ва чанд соат баъди қабули ин тағйирот дар парлумон рӯзи 22-юми октябр қонунро ба тасвиб расонид. Тағйироти нав ба ӯ имкон медиҳад, ки ҷӯёи курсии президентӣ шавад. Баъди он ки натиҷаҳои интихоботи парлумонии 4-уми октябри Қирғизистон бо иттиҳоми тақаллуб бекор шуду кишвар дучори эътирозу беназмиҳо гашт, Ҷабборов ба озодӣ баромад. Ӯ соли 2017 бо иттиҳоми одамрабоӣ ба 11,5 соли зиндон маҳкум шуда буд ва баъди бо ёрии тарафдорон озод шуданаш аз зиндон, якбора ба як пешвои эътирозгарон табдил гашт. Таҳаввулоти баъди 6-уми октябр ва эътирозҳои мардумӣ боиси аз вазифа рафтани раиси парлумон ва президенти ин кишвар шуд. Парлумон Ҷабборовро раиси нави ҳукумат эълон кард ва аз 16-уми октябр ӯ инчунин иҷрокунандаи вазифаи президент шуд. Бар асоси қонуни амалкунанда, Ҷабборов ҳақ надорад ба президентӣ номзад шавад. Вале бар асоси тағйирот ба қонун аз санаи 23-юми октябр, ӯ ҳақ дорад дубора дар интихобот иштирок кунад. Дар оғоз гуфта мешуд, ки интихоботи парлумонӣ рӯзи 20-уми декабр баргузор хоҳад шуд, вале бар асоси ин тағйирот, акнун то 10-уми январ қонунгузорон метавонанд ислоҳоти конститутсионӣ гузаронанд ва роҳи Ҷабборов ба қудрат боз шавад. Тағйироти конститутсионӣ дар Қирғизистон бояд то 21-уми январ анҷом шавад ва интихоботи нави парлумонӣ баъди ин пеш аз 1-уми июни соли 2021 баргузор гардад. Бархе фаъолони ҳуқуқ ва сиёсатмадорони мунаққиди ҳукумат ин амали Ҷабборовро ҳамчун талоши “ғасби қудрат” маҳкум карданд. Ҷабборов хостори тақвияти низоми президентӣ шудааст.

Талаби нахуствазири Чех ба истеъфои  вазири беҳдошт  барои нақзи  карантин

Роман Примула, вазири беҳдошти Ҷумҳурии Чех

Андрей Бабиш, сарвазарии Ҷумҳурии Чех ба вазири беҳдошт Роман Примула шарт гузошт, ки аз вазифа ихтиёран канор биравад, ваё ӯ бо қарори худ ӯро аз вазифа барканор мекунад. Ултиматум ё зарбулаҷали нахуствазир дар ҳоле садо дод, ки вазири беҳдоштро дар шароити шадид шудани меъёрҳои карантин дар як тарабхона диданд. Дар ду рӯзи гузашта дар саросари Ҷумҳурии Чех наздики 30 ҳазор нафар тоза ба COVID-19 гирифтор шудаанд.

Акси Роман Примула ба ҳангоми баргузории як мулоқот дар тарабхонаи Прага ба интернет роҳ ёфт ва нахуствазир Андрей Бабиш дар нишасти матбуотии рӯзи 23-юми октябр гуфт, “дар ҳоле, ки ходимони тибби мо дар ҷабҳаи аввал барои наҷоти ҷони шаҳрвадони мо мубориза мебаранд, чунин амалҳо комилан нобахшиданӣ аст”.

Акс бори аввал дар маҷаллаи Blesk пайдо шуд. Он ҷо дида мешавад, ки Примула дар як тарабхона бо як мақоми баландпоя аз ҳизби ANO-и нахуствазир, ҳизбе, ки эътилофи ҳукуматӣ аз ҳисоби аъзои он ташкил шудааст, нишастааст. Ин мулоқот чанд соат баъди он барпо шуд, ки Примула дар кишвар муқаррароти сангинтари наве ҷорӣ кард ва дар миёни онҳо маҳдудияти ҳаракат ва баста шудани ҳама фурӯшгоҳҳои тиҷоратӣ буд. Аз ин пештар тарабхонаву бар ва муассисаҳои тафреҳӣ баста шуда буданд. Примула як мутахассиси соҳаи эпидемиология мебошад ва танҳо моҳи гузашта ба ин мақом таъин шуд. Вазири пешин бо сабаби якбора боло рафтани ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус ба истеъфо рафт. Ҷумҳурии Чех ҳоло яке аз кишварҳои сафи аввали Аврупо аз назари олудашавии зиёди мардумаш ба коронавирус ба шумор меравад. Дар ин кишвар ҳоло беш аз 223 ҳазор нафар олудашуда ва 1845 нафар фавтида аз COVID-19 ба ҳисоб мераванд.

Маъмурияти Enter Engineering дар Узбекистон пардохти маоши коргарони эътирозгарро шурӯъ кард

Корхонаи Uzbekistan GTL марбут ба ширкати узбекистонии Enter Engineering аст ва дар он 12 ҳазор нафар кор мекунад

Ширкати узбекистонии Enter Engineering ба коргарони корхонае, ки аз таъхири чандмоҳа дар пардохти маош даст ба эътирозу беназмиҳо заданд, бозгардони маошро шурӯъ кард. Радио Озодлик – Бахши узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 23-юми октябр, бо такя ба як мақомдори узви комиссиюни таҳқиқи эътирози коргарон ва ҳам чанд коргаре, ки дар сохтмони корхонаи Uzbekistan GTL кор мекарданд, гуфт, ки маоши батаъхирафтода дода мешавад. Ин корхона бо истеҳсоли гази моеъ машғул аст ва дар он 12 ҳазор нафар кор мекунанд.

Рӯзи 21-уми октябр чанд ҳазор коргари корхонае воқеъ дар ноҳияи Ғузори вилояти Қашқадарёи Узбекистон бо талаби пардохти маоши семоҳаву таъмини онҳо бо ғизои ваъдагӣ даст ба эътироз заданд. Дар натиҷаи беназмиҳои бархоста, корхона, бахусус бинои маъмурии он хароб шуд. Дар наворҳои видеоии дастраси Радиои Озодликшуда дида мешавад, ки мебелу компютер ва дигар таҷҳизоти воқеъ дар бинои маъмурии корхона пурра шикаста ё нобуд шудааст. Бархе кормандони корхона гуфтанд, ки барои пахши эътирозҳо ба Ғузор нирӯҳои Горди миллӣ сафарбар карда шуданд. Иттилоъ дар бораи осебдидаҳо нашр намешавад. Як корманди корхона ба шарти ифшо нашудани номаш нақл кард, ки эътироз аз он ҷо бархост, ки ғизои шоми ваъдагии корхона рӯзи 20-уми октябр ба коргарон таъмин нашуд ва баъди интизориҳои чандинмоҳаи маош ин ҳолат мардумро ба хашм овард. Коргарони корхона дар як урдугоҳи вижаи марбут ба корхона зиндагӣ мекунанд. Ба иттилои бархе дигар коргарон, бо сабаби пандемия дар шароиту реҷаи кори коргарон тағйирот ва маҳдудият ҷорӣ шуд, кор гоҳо номуназзам пеш мерафт ва ба ҳолати асабонияти коргарон таъсиргузор шуд. Ҳаёт Шамсуддинов, сухангӯи додситони кулли Узбекистон ба матбуот гуфт, ки ин қазияи таҳқиқ мешавад.

Парвандаи блогнависи рус барои латукӯби зане дар пахши зиндаи итернетӣ  

Саҳнае аз хушунати блогнависи рус нисбати духтари модел

Ходимони ҳифзи қонун дар Русия блогнавис Андрей Буримро, ки бо лақаби Mellstroy маъруф аст, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашиданд. Ин мард дар як пахши зиндаи интернетӣ, ки онро 70 ҳазор нафар тамошо мекард, як духтари моделро шадидан латукӯб кард. Парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаҳои “латукӯб” боз шудааст ва ин модда ҳадди аксар то 2 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Оҷонсии “Москва” гуфт, ки блогнавис ариза навиштааст, ки макони зистро тарк намекунад.

Модели 19-сола Алёна Ефремова дар Инстаграми худ як навори видеоиро нашр кард, ки дар он дида мешавад, ки Mellstroy рӯи духтарро ба миз мезанад. Ефремова гуфт, ки Андрей Бурим ӯро бо бераҳмии зиёд зад, вале касе натавонист пеши роҳи ӯро бигирад ва “оромона ин ҷиноятро тамошо карданд”. Ӯ гуфт, “агар ман мемурдам, пас ин ҳама тамошобинҳо бояд ширкатдори ин куштор мешуданд?”.

Чанде баъд ин сабт нопадид шуд. Шабакаи хусусии блогнавис дар Ютюб, ки 680 ҳазор пайрав дорад, дар шабакаи “ВКонтакте” масдуд карда шудааст.

Ҳукми зиндони Михаил Ефремов ним сол кам карда шуд

22-юми октябр, додгоҳи шаҳри Маскав

Додгоҳи шаҳри Маскав аризаи ҳунарпешаи маъруфи рус Михаил Ефремовро баррасӣ карда, аз ҳукми 8 соли зиндони ӯ шаш моҳашро кам кард. Додгоҳ гуфт, ки 7,5 соли зиндонро Ефремови гунаҳгоршуда дар марги инсон дар як садамаи автомобилӣ дар зиндони низомаш умумӣ пуштисар мекунад. "Медуза" хабар дод, ки додгоҳ пардохти довталабонаи ҷуброни маънавӣ ба зарардидагони ин фоҷеаро ба инобат гирифт.
Вале худи Ефремов мехост, ки ҷазош ба чораҳои берун аз ҳабс табдил дода шавад. Вакили Ефремов гуфтааст, ки бозбинии ин ҳукмро ҳам дархост хоҳанд кард.

Ҳодиса 8-уми июни имсол дар Маскав рух дод. Ефремовро дар он гунаҳгор карданд, ки дар ҳолати сахти мастӣ сари чанбари мошин буд ва ба мошине, ки аз хати муқобили як хиёбони калон ҳаракат мекард, бархӯрд. Дар натиҷа, ронандааш бо ҷароҳатҳои сангин дар беморхона даргузашт.

Қазияи мазкур таваҷҷӯҳи зиёди расонаҳои хабарӣ ва ҳам мунаққидони Ефремовро ба худ ҷалб кард, чун ин ҳунарпеша солҳои охир бо мазҳакаҳои сиёсиаш маъруф буд ва дар саҳнаҳои ҳаҷвиаш худи президент Владимир Путинро ҳам ба боди интиқод кашидааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG