Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эпидемияи нав дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ


Қочоқи афзояндаи ҳероини афғонӣ сабаби хуруҷи эпидемияи нави бемории СПИД ва ё AIDS дар миёни он мӯътодони маводи мухаддир дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ шудааст, ки таввасути сӯзандору ҳероин истифода мекунанд.
Олими амрикоӣ Кристофер Бейрер бо ибрози ин матлаб дар конфронси байналмилалии бахшида ба мубориза бо бемории AIDS дар Бразилия гуфтааст, ки афзоиши шумори мубталоён ба вируси AIDS ва ё худи ин беморӣ дар Белорус, Эрон, Молдова, Тоҷикистон, Украина ва дигар кишварҳое мушоҳида шудааст, ки ҳероини афғонӣ таввасути қаламрави онҳо ба Аврупои Шарқӣ қочоқ мешавад.
Вируси HIV, ки ангезандаи бемории AIDS аст, асосан ба онҳое сироят мекунад, ки маводи мухадирро таввасути сӯзандору масраф менамоянд. Дар конфронси чаҳоррӯзаи байналмилалие, ки дар шаҳри Рио Де Жанейро шурӯъ шуд, беш аз 5 ҳазор табиб ва дигар сиёсатгузорону мутахассисон ҷамъ омада, роҳҳои мубориза бо бемории кушандаи AIDS ва дастовардҳои тоза дар муқобила бо ин ваборо баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG