Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи шурӯъи мурофиаи Искандаров таъйин шуд


Додгоҳи Олии Тоҷикистон шурӯъи мурофиаи парвандаи Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси ҳизби демократи Тоҷикистонро ба рӯзи дуюми август таъйин кард. Ҳабибулло Алиев, раиси дастгоҳи Додгоҳи Олӣ гуфт, мурофиа бо баррасии ҳамон айбҳое шурӯъ мешавад, ки додситонии кулл ба Маҳмадрӯзӣ Искандаров эълон карда буд.
Раиси дар боздошт қарордоштаи Ҳизби демократи Тоҷикистон ба терроризм, бандитизм, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа ва муҳофизони шахсӣ, тасарруфи амволи давлатӣ, хунукназарӣ нисбат ба вазифа ва сӯистифода аз мансаби давлатӣ гунаҳкор дониста мешавад.
Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва собиқ сарвари идораи «Тоҷикгаз» моҳи декабри соли гузашта дар Маскав боздошт ва дар авоили моҳи апрели соли ҳолӣ озод мегардад. Ва аммо пас аз чанд рӯзи раҳоӣ, шаби 15 - уми апрел Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба таври асроромез аз Маскав ғайб мезанад ва баъд аз нӯҳ рӯзи ин воқеа, додситони кулли Тоҷикистон, Бобоҷон Бобохонов зимни як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе эълом мекунад, ки Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар боздоштхонаи вазорати амният ба сар мебарад.
Ҳумоюни Шаҳриёр, Душанбе
XS
SM
MD
LG