Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти собиқ сардори шӯъбаи корҳои дохилии Ғарм бо иттиҳоми куштор


Додарҷон Салимов, собиқ сардори шӯъбаи корҳои дохилии Ғарм, ҳозира Рашт, бо иттиҳоми куштори як сокини ин ноҳия дар айёми ҷанги шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе боздошт ва ҷиҳати таҳқиқ ба шаҳраки Ғарм интиқол шудааст. Додситонии ноҳияи Рашт боздоштро таъйид намуд ва аммо ба хотири халал ворид накардан ба раванди тафтишот аз додани ҳар навъ иттилоот худдорӣ кард.
Додарҷон Салимов, собиқ корманди пулис, замони ҷанги шаҳрвандӣ сардори умури дохилаи Рашт будааст. Ӯ пас аз мақоми худро тарк гуфтан таи чанд сол дар Русия кору фаъолият намуда пас аз бозгашт ба Тоҷикистон дар яке аз ниҳодҳои вазорати умури дохила ба кор шурӯъ кардааст. Аммо дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ӯ як парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад. Додарҷон Салимов пас аз Баҳриддин Музаффаров, собиқ раиси ноҳияи Рашт, дуюмин нафар аз масъулини ҳокимияти маҳаллӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ мебошад, ки ба шаҳраки Ғарм истирдод ва аз тарафи мақомоти қудратии ноҳия мавриди пурсиш қарор мегирад.
Маҳмуди Шодӣ, Рашт
XS
SM
MD
LG