Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон рӯзи забони давлатии хешро таҷлил мекунад


Эмомалӣ Раҳмонов, президенти Тоҷикистон дар паёми табрикии худ ба ифтихори солгарди шонздаҳуми ҷашни забони форсии тоҷикӣ гуфтааст, ифтихори миллӣ ва ватану ватандорӣ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он шурӯъ меёбад. 22 июли соли 1989 ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон қонуни забонро қабул кард ва ҳамакнун, ҳар сол ин рӯз ҳамчун рӯзи забон дар Тоҷикистон таҷлил мегардад. Дар паёми табрикии худ ба ин муносибат, Эмомалӣ Раҳмонов гуфтааст, забони тоҷикӣ бо шевотарин маъниҳо, ширинтарин таркиботу ибораҳо, истилоҳоти гуногуни илмӣ ва рангу таровати миллӣ дар таърихи тамаддуни тоҷикон мақоми муносиб дошт ва дорад.
Ҷаноби Раҳмонов ҳамчунин дар мавриди кундии татбиқ ва риояи қонуни забони тоҷикӣ ба унвони забони давлатии ин кишвар изҳори нигаронӣ карда афзуд, ҳанӯз ҳам дар бархе аз ниҳодҳои давлативу ғайридавлатӣ Қонуни забон ҳамаҷониба риоя намешавад. Эмомалӣ Раҳмонов аз мақомоти масъули кишвар хостори татбиқи сареъи банду моддаҳои қонуни забон шудааст.
Имрӯз, ба ифтихори ҷашни забон дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон чорабиниҳои мухталифи фарҳангиву тафреҳӣ ва нишастҳои илмӣ шурӯъ шудааст. Аз ҷумла, дар нимаи дуввуми рӯзи ҷумъа дар боғи марказии шаҳри Душанбе барномаи вижаи тафреҳӣ барпо мешавад.
Ҳумоюни Шаҳриёр, Душанбе
XS
SM
MD
LG