Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мактаб нест, муаллим намерасад, китоб ҳеҷ кас наменависад....


Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки ҷиҳати бунёди макотиби нав ва тармими бинои таълимгоҳҳо Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бар асоси чанд фармони худ аз бӯҷаи кишвар ҳудуди 8,5 миллион сомонӣ ё бештар аз 2,5 миллион доллари амрикоӣ ихтисос додааст. Ӯ мегӯяд, ин дар ҳолест, ки феълан дар кишвар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ имкони комилан фаро гирифтани толибилмон ба таҳсилро надорад ва дар зимн, соли ҷорӣ бунёди 55 мактаб ба нақша гирифта шудааст:
"Дар ин маврид, вазъ дар навоҳии Балҷувон, Темурмалик ва Ховалинг вазнин аст. Ба ҳамин манзур, ҷиҳати харидани асбобҳои таълимӣ барои макотиб президенти кишвар ба ҳар ноҳия 500 ҳазор сомонигӣ ҷудо кард, ки маблағҳои зерин то моҳи сентябр истифода карда шаванд ва макотиби нав бунёд гарданд."

Оқои Раҳмонов ҳамчунин афзуд, макотиби таълими ҳамагонии Тоҷикистон ба васоили таълим, бавижа китобҳо ниёз дорад ва аз ҷамъи феҳрасти 53 китоб барои макотиби таълим бо забони тоҷикӣ, танҳо 88 адад ба нашр расидаст:
"Мушкили аслӣ дар маблағ нест, проблема дар он аст, ки мо муаллифоне пайдо накардем, китобро ба чоп пешниҳод намояд. Вазорати маориф ва ҳукумати Тоҷикистон омода аст, ҷиҳати таҳияи китобҳои таълимӣ маблағ пешниҳод намояд ва ҳаққи муаллиф ҳам то ҳазор доллар муайян шудааст. Вале мутаассифона то имрӯз касе пайдо нашудааст, ки китоби таълимиеро таҳия намуда ба вазорати маориф пешниҳод намояд."

Ин дар ҳолест, ки афзуд ӯ, дар мактабҳои таълими ҳамагонии кишвар ҳудуди 9 000 муаллим намерасад. Ба гуфтаи вазири маорифи Тоҷикистон, ҷиҳати ҳалли мушкили нарасидани омӯзгорон бархе аз фанҳои таълимиро, ки имрӯз ба омӯзиши он ниёз намондааст, ихтисор намуда ва ҳамзамон донишгоҳҳои кишвар дар баъзе аз навоҳӣ баххшҳои худро боз намуда ва бо шакли таълими ғоибона барои ин макотиб устодонро омода хоҳанд сохт.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG