Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи дубора ва таъхири дубораи мурофиаи хабарнигор Ҷумъабой Толибов


Имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд муҳокимаи парвандаи Ҷумъабой Толибов баъди 5 рӯзи таваққуф аз сар гирифта шуд. Тафтишот Ҷумъабой Толибовро ба авбошӣ, берун пой ниҳодан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва ба нақзи асли дахлнопазирии манзил муттаҳам мекунад. Аммо худи вай мегӯяд, парвандааш тобиши сиёсӣ дорад ва интиқоми мақомот ба матолиби интиқодиест, ки ӯ дар бораи фаъолияти додситонӣ ва шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Айнӣ дар матбуот нашр кардааст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақа Маъсуми Муҳаммадраҷаб, ки барои пайгирии масъала ба ноҳияи Шаҳристон рафта буд ва дар як гуфтугӯ бо www.ozodi.org дар бораи ҷараёни кори додгоҳ гуфт:

Бахши асосӣ ин буд, ки оё Ҷумъабой Толибов дар мавриде, ки барои навиштани мақола дар бораи фаъолияти умури дохила ба манзили ду нафар сокинони Панҷакент ворид шудааст, оё бо супориши мақомоти иҷроияи ноҳияи Айнӣ, яъне ҳукумати Айнӣ ин корро кардааст, ё ба таври мустақилона?
Зокиров Зокирҷон - раҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Айнӣ дар додгоҳ гуфт, ки ин амал аз ҷониби Ҷумъабой Толибов бо супориши ҳукумати ноҳия сурат гирифтааст, на бо хоҳиши худи ӯ.

Аммо худи Ҷумъабой Толибов дар додгоҳ гуфт, ҳарчанд ин кор бо супориши ҳукумати ноҳияи Айнӣ сурат гирифта буд, аммо ӯ ба ҳайси узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон барои мусоҳиба бо сокинони ин маҳал ва таҳияи мақола ҳуқуқ дошт. Рӯзи панҷуми мурофиаи додгоҳӣ қарор буд раиси ҳукумати ноҳияи Айнӣ Мавҷуда Бобоева ширкат мекард, аммо бо сабабҳои номаълум то соати панҷи бегоҳ дар ӯ дар мурофиа ҳозир нашуд. Ӯ гуфта буд, ки супориш додааст, то Ҷумъабой Толибов ба манзили сокинони Панҷакент ворид шавад. Айбномаи асосӣ алайҳи Ҷумъабой Толибов низ ин аст, ки ӯ бо нақзи қонун ба манзили сокини ноҳияи Панҷакент Сайдулло Бектӯраев ворид шудааст ва гӯё бо зӯриву фишор бо ӯ мусоҳиба кардааст.

Дар рӯзи панҷуми мурофиаи Ҷумъабой Толибов Раъно Бобоҷонова - корманди Конуни миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон иштирок дошт ва назари ӯ дар бораи парвандаи Ҷумъабой Толибов:

"Ҳабибулло Ҷумъаев муфаттише, ки кори ҷиноятиро нисбат ба Толибов оғоз намудааст, мегӯяд, ки вай нахост, ба ман маълумот диҳад, яъне ҳангоми пурсиш. Аз нуқтаи назари қонун ҳар инсон ҳуқуқ дорад, ки муқобили худаш маълумот надиҳад ва дар ин бора дар аризаи Ҷумъабой Толибов бояд қайд шуда бошад. Сониян, чизи дигаре, ки аз нигоҳи мурофиавӣ ба назар гирифта мешуд, кори ҷиноятӣ 19-уми март оғоз шудааст, соати 13 ба гуфтаи муфаттиш Ҳабибулло Ҷумъаев, аммо кай вакили дифоъ даъват шудааст, кай айб эълон шудааст, барои чӣ танҳо кормандони милиса шоҳидӣ медиҳанд, дар ин маврид бояд додгоҳ ба назар гирад ва баҳои ҳуқуқӣ диҳад."

Бинобар сабаби ба додгоҳ ҳозир нашудани Мавҷуда Бобоева - раиси ҳукумати ноҳияи Айнӣ, додгоҳи вилояти Суғд мурофиаи Ҷумъабой Толибовро то ҳафтаи оянда мавқуф гузошт.
XS
SM
MD
LG