Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори назари Талбак Назаров дар робита ба нерӯҳои эътилофи зиддитерористӣ дар Осиёи Марказӣ


Талбак Назаров - вазири умури хориҷаи Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ дар тавзеҳи баёнияи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай роҷеъ ба таъйини замони ихроҷи пойгоҳҳои кишварҳои узви эътилофи зидди терористӣ аз минтақа гуфт, ҳузури ин нирӯҳо бояд ба ҷараёни барқарории субот дар Афғонистон алоқаманд бошад. Сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай зимни нишасти ахири худ дар Остона бо таваҷҷӯҳ ба наздик шудани амалиёти зиддитерористӣ дар Афғонистон ба фарҷоми худ хостори таъйини ҷадвали замонӣ барои ихроҷи нируҳои эътилофи бо роҳбарии Амрико аз қаламрави кишвароҳи минтақа шуданд.
Таблак Назаров гуфт: "Мо дар воқеъ ба назардошти вазъи ба амаломада дар минтақа, ки терроризм ва Толибон амнияти моро таҳдид мекарданд, аз муборизаи зидди терроризм ва эътилофи байналмилалӣ пуштибонӣ кардем. Мо бидуни дудилагӣ ва бо қотеъият ҳар чиро, ки уҳдадор шудем, ба ҷо овардем. Тоҷикистон аз ҷумла ҳарими ҳавоӣ ва имконоти худро дар ихтиёри кишварҳои муборизакунанда бо терроризм қарор дод ва дар ин мубориза кӯмак кард ва дар оянда низ ин мусоидатро хоҳад кард. Аммо акунун ба назар мерасад, ки масоили Афғонистон ба гунае ҳал мешавад, масалан Толибон амалан дигар вуҷуд надоранд. Барономаи истиқрори сулҳ ва суботи сиёсӣ дар ҷараён аст, интихоботи раёсати ҷумҳурӣ доир шуд ва қарор аст, интихоботи порлумонӣ баргузор шавад. Боқӣ мондан ва ё пеш омадани бархе масоили хурду реза дар ин ҷараён табиист, вале ин масоилро мешавад бидуни нирӯҳои бегона ҳал кард."
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар айни ҳол таъкид кард, ки дар ҳудуди Тоҷикистон бархе нирӯҳои фаронсавӣ ҳастанд, ки мушкиле аз ин қабил надоранд ва тамоми замони ҳузур ва замони баргузори амалиёт ва амалкардаҳои онҳо мушаххас ва ҳамоҳангшуда бо мақомоти Тоҷикистон аст. Талбак Назаров ҳамчунин гуфт, муносиботи кишварш бо Ҷумҳурии Исломии Ирон баъд аз хатми замони раёсати ҷумҳурии Муҳаммади Хотамӣ, ки муносиботи ду кишварро беҳбуд бахшида буд ва интихоби раиси ҷумҳури ҷадид низ тағйир нахоҳад кард ва густариш хоҳад ёфт.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG