Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази интернетӣ дар Донишгоҳи Исломии Тоҷикистон


Сафорати Амрико дар Душанбе барои ягона Донишгоҳи исломии Тоҷикистон маркази ҷадиди Интернет бунёд кард. Ричард Ҳоугленд, сафири Амрико дар расми ифтитоҳи ин марказ гуфт, ҳукумати кишвараш дар қаламрави Тоҷикистон 24 адад ҳамин гуна марказро кушодааст ва ҳамзамон, азм дорад, боз ду синфхонаи компютерӣ дар минтақаи Хатлон боз намояд. Вай гуфт, барои таъсиси маркази Интернет дар Донишгоҳи исломӣ намояндагии дипломатии Амрико даҳ ҳазор доллар масраф кардааст.
Ҷаноби Ҳоугленд гуфт, агар дигар ташкилоту созмонҳои динии кишвар ба сафорати Амрико бо дархости таъсиси марказҳои компютерӣ муроҷиат намоянд, ба онҳо кӯмак хоҳад кард. Ба қавли вай, ҳукумати Амрико тасмим гирифтааст, ба маблағи як миллион доллар дар Тоҷикистон синфхонаҳои компютерӣ боз намояд. Дар ин робита Фарҳод Раҳимов, муовини вазири маорифи Тоҷикистон бо дастгирӣ аз ин иқдоми сафорати Амрико гуфт.
"Ифтитоҳи як синфхонаи компютерии муҷаҳҳаз дар Донишгоҳи исломии Тоҷикистон аз тарафи Иёлоти Муттаҳида боиси дастгирӣ аст ва фикр мекунам, дастрас будани компютеру Интернет барои ҳама кормандони соҳаи маориф амали хайр аст ва бояд боиси пешрафти ҳамин соҳа мегардад."
Гуфтанист, ин дуввумин лоиҳаи марбут ба олами ислом аст, ки аз ҷониби Амрико дар Тоҷикистон дастгирии молӣ меёбад. Ҳафтае қабл сафорати Иёлоти Муттаҳида барои ҳифзи Мадрасаи Хоҷа Машҳад дар ноҳияи Шаҳритус ҳудуди бист ҳазор доллар ихтисос дода буд.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG