Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 21 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ дар Тоҷикистон


Ҳумдин Шарифов, вазири умури дохилии Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, гумонбар ба созмондиҳии ду таркиш дар назди вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон дар моҳҳои январ ва июни соли ҷорӣ боздошт шуд ва феълан дар ҷараёни пурсиш қарор дорад. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо сабаби халал нарасидан ба ҷараёни тафтиш аз додани иттилооти бештар худдорӣ кард ва афзуд, як дастандаркори дигар ба ин таркишҳо боздошт шудааст ва иҷрокунандаҳои дигар ҳанӯз дар озодӣ ҳастанд.
Дар робита ба ҳамла ба хонаи Муродалӣ Алимардонов, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, Ҳумдин Шарифов гуфт, он ҳамла танҳо бо ҳадафи ғоратгарӣ пиёда гаштааст ва айни ҳол ду гумонбари ин амал дар боздошт мебошанд.

Ҷаноби Шарифов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар робита ба вазъи ҷурму ҷиноят дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар гуфт, дар ин муддат бисту як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ ошкор ва 79 узви ин гурӯҳҳо боздошт шудаанд ва шасту як ҷинояти содиршуда аз ҷониби онҳо ошкор шудааст. Ҳумдин Шарифов гуфт, теъдоди маҷмӯъи ҷиноёт дар ин нимсола дар қиёс бо шаш моҳи аввали соли гузашта даҳ дар сад афзоиш, аммо шумори ҷиноёти вазнин, аз қабили куштор, ғоратгарӣ ва таҷовуз ба номус 57 дар сад коҳиш ёфтааст.

Дар ин шаш моҳ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 15 тан бо иттиҳоми узвият дар Ҳизби Таҳрир боздошт шудаанд, гуфт Ҳумдин Шарифов. Дар бастагӣ ба қазияи Аҳмадбек Сафаров, яке аз қумондонҳои собиқи мухолифин, ки соли гузашта ҳангоми як кӯшиши боздошти ӯ дар хонааш фирор карда буд, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, бо амри раисҷумҳури Тоҷикистон аз таъқиби Аҳмадбек Сафаров даст кашида шуда ва ҳоло ӯ дар хонааш ба сар мебурдааст. Ба гуфтаи вазири тоҷик, дар ин шаш моҳ 61 корманди ин ниҳод бо ҷурмҳои сӯиистифода аз мақоми давлатӣ, ришвахорӣ ва даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.
Ҳумоюни Шаҳриёр, Душанбе
XS
SM
MD
LG